https://sputnik.tj/20260518/tojikiston-masuliyat-blogeron-peshgiri-jinoyat-internet-1077615770.html
Дар Тоҷикистон масъулияти блогерон дар пешгирии ҷиноятҳои муосири интернетӣ баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон масъулияти блогерон дар пешгирии ҷиноятҳои муосири интернетӣ баррасӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон блогерон ва фаъолони фазои интернетӣ имрӯз дар ташаккули афкори ҷомеа нақши таъсиргузор доранд
2026-05-18T15:59+0500
2026-05-18T15:59+0500
2026-05-18T15:59+0500
дар тоҷикистон
алоқа
блогер
амният ва мудофиа
интернет
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103082/75/1030827522_0:217:3000:1905_1920x0_80_0_0_6870cf274bbde14e65ab40a5660d4c49.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май - Sputnik. Дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо блогерон ва фаъолони фазои интернетӣ дар мавзуи "Фазои иттилоотии бехатар: масъулияти блогерон дар пешгирии ҷиноятҳои муосири интернетӣ" вохӯрӣ баргузор гардид.Дар ин бора хадамоти матбуоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар ин вохӯрӣ намояндагони Хадамоти алоқа, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохила, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон ни иштирок доштанд.Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба масъулияти ҳуқуқӣ барои паҳн намудани маълумоти носанҷида, зарурати истифодаи масъулиятноки шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамкории блогерон бо мақомоти дахлдор дар самти пешгирии таҳдидҳои иттилоотӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа баррасӣ гардиданд.Қайд карда шудааст, ки блогерон ва фаъолони фазои интернетӣ имрӯз дар ташаккули афкори ҷомеа, баланд бардоштани маърифати рақамии шаҳрвандон ва паҳн намудани иттилооти зарурӣ нақши таъсиргузор доранд.“Аз ин рӯ фаъолияти онҳо бояд бо дарки масъулияти баланди иҷтимоӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ ва эҳтиром ба манфиатҳои ҷомеа ва давлат амалӣ карда шавад”, - қайд намудааст Хадамоти алоқа.Таъкид шуд, ки таъмини фазои иттилоотии бехатар танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, масъулияти муштараки давлат, ҷомеа, воситаҳои ахбори омма, блогерон ва ҳар истифодабарандаи интернет мебошад.
https://sputnik.tj/20260216/maqomot-shumor-daromad-bloger-tojikiston-oshkor-1075318896.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103082/75/1030827522_250:0:2917:2000_1920x0_80_0_0_38bc3378626a912f4fd8a5934a103157.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, алоқа, блогер, амният ва мудофиа, интернет
дар тоҷикистон, алоқа, блогер, амният ва мудофиа, интернет
Дар Тоҷикистон масъулияти блогерон дар пешгирии ҷиноятҳои муосири интернетӣ баррасӣ шуд
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон блогерон ва фаъолони фазои интернетӣ имрӯз дар ташаккули афкори ҷомеа нақши таъсиргузор доранд
ДУШАНБЕ, 18 май - Sputnik. Дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо блогерон ва фаъолони фазои интернетӣ дар мавзуи "Фазои иттилоотии бехатар: масъулияти блогерон дар пешгирии ҷиноятҳои муосири интернетӣ" вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин вохӯрӣ намояндагони Хадамоти алоқа, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохила, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон ни иштирок доштанд.
Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба масъулияти ҳуқуқӣ барои паҳн намудани маълумоти носанҷида, зарурати истифодаи масъулиятноки шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамкории блогерон бо мақомоти дахлдор дар самти пешгирии таҳдидҳои иттилоотӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа баррасӣ гардиданд.
Қайд карда шудааст, ки блогерон ва фаъолони фазои интернетӣ имрӯз дар ташаккули афкори ҷомеа, баланд бардоштани маърифати рақамии шаҳрвандон ва паҳн намудани иттилооти зарурӣ нақши таъсиргузор доранд.
“Аз ин рӯ фаъолияти онҳо бояд бо дарки масъулияти баланди иҷтимоӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ ва эҳтиром ба манфиатҳои ҷомеа ва давлат амалӣ карда шавад”, - қайд намудааст Хадамоти алоқа.
Таъкид шуд, ки таъмини фазои иттилоотии бехатар танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, масъулияти муштараки давлат, ҷомеа, воситаҳои ахбори омма, блогерон ва ҳар истифодабарандаи интернет мебошад.