https://sputnik.tj/20260518/tojikiston-khojagi-dehqonir-zanon-rohbari-1077615464.html
Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд
Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи мақомоти кишвар занони деҳқон дар таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон, рушди соҳаи кишоварзӣ ва таҳкими устувори иқтисодиёт нақши муҳим доранд
2026-05-18T13:49+0500
2026-05-18T13:49+0500
2026-05-18T13:49+0500
дар тоҷикистон
занон
деҳқон
кишоварзӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/11/1031915505_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_097c2083a36725edee5d006f601d998d.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май - Sputnik. Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон хабар додааст, ба ҳолати 1 апрели соли 2026 дар Тоҷикистон 52 ҳазору 796 хоҷагии деҳқонӣ таҳти роҳбарии занон фаъолият доранд.Ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки занони деҳқон дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва таҳкими устувори иқтисодиёти маҳаллӣ нақши муассир доранд.Қайд карда шудааст, ки ҳукумати кишвар талош дорад бо амалисозии барномаҳои гуногуни давлатӣ шароити зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатии занонро беҳтар намояд.“Имрӯз занони тоҷик дар баробари мардон чун роҳбари фаъоли хоҷагиҳо, ташаббускор ва истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми гӯшаю канори мамлакат фаъолият доранд”, - қайд кардааст Кумитаи занон.Ҳамчунин ин ниҳоди давлатӣ хабар додааст, ки рушди соҳибкорӣ дар байни занон яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат мебошад.Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ аз соли 2006 дар асоси қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон грантҳои Президенти Тоҷикистон таъсис дода шудаанд.Агар соли 2006 маблағи ин грантҳо 150 000 сомонӣ буд, соли 2024 он 5 миллион сомониро ташкил дод.Ҳамин тавр соли 2025 маблағи грантҳо ба 15 миллион сомонӣ расонида шуд.Тибқи ин қарор, аз соли 2025 то соли 2030 ҳар сол барои 200 нафар занони ҳунарманду соҳибкор ба андозаи 15 миллион сомонӣ гранти Президенти Тоҷикистон, ки ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон равона гардидааст, ҷудо карда мешавад.Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, дар доираи ин грант роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ лоиҳаҳое пешниҳод менамоянд, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ равона карда шудаанд.
https://sputnik.tj/20260308/aholii-tojikiston-zanon-tashkil-medihand-1075864537.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/11/1031915505_70:0:1887:1363_1920x0_80_0_0_e69a48ef76d2862b57d95cc02f46c317.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, занон, деҳқон, кишоварзӣ, иқтисод
дар тоҷикистон, занон, деҳқон, кишоварзӣ, иқтисод
Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд
Ба гуфтаи мақомоти кишвар занони деҳқон дар таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон, рушди соҳаи кишоварзӣ ва таҳкими устувори иқтисодиёт нақши муҳим доранд
ДУШАНБЕ, 18 май - Sputnik. Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон хабар додааст, ба ҳолати 1 апрели соли 2026 дар Тоҷикистон 52 ҳазору 796 хоҷагии деҳқонӣ таҳти роҳбарии занон фаъолият доранд.
Ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки занони деҳқон дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва таҳкими устувори иқтисодиёти маҳаллӣ нақши муассир доранд.
Қайд карда шудааст, ки ҳукумати кишвар талош дорад бо амалисозии барномаҳои гуногуни давлатӣ шароити зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатии занонро беҳтар намояд.
“Имрӯз занони тоҷик дар баробари мардон чун роҳбари фаъоли хоҷагиҳо, ташаббускор ва истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми гӯшаю канори мамлакат фаъолият доранд”, - қайд кардааст Кумитаи занон.
Ҳамчунин ин ниҳоди давлатӣ хабар додааст, ки рушди соҳибкорӣ дар байни занон яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат мебошад.
Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ аз соли 2006 дар асоси қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон грантҳои Президенти Тоҷикистон таъсис дода шудаанд.
Агар соли 2006 маблағи ин грантҳо 150 000 сомонӣ буд, соли 2024 он 5 миллион сомониро ташкил дод.
Ҳамин тавр соли 2025 маблағи грантҳо ба 15 миллион сомонӣ расонида шуд.
Тибқи ин қарор, аз соли 2025 то соли 2030 ҳар сол барои 200 нафар занони ҳунарманду соҳибкор ба андозаи 15 миллион сомонӣ гранти Президенти Тоҷикистон, ки ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон равона гардидааст, ҷудо карда мешавад.
Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, дар доираи ин грант роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ лоиҳаҳое пешниҳод менамоянд, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ равона карда шудаанд.