Дар Тоҷикистон фиреби сокинон тариқи интернету зангҳои телефонӣ афзоиш ёфт

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкМужчина со смартфоном в руках
Мужчина со смартфоном в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2026
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд амалҳои қаллобӣ ё худ киберҷиноят босуръат паҳн шуда, реша давонда истодааст, ки ин раванд ба амнияти давлат, шахсият ва ҷомеа таҳдиди ҷиддӣ дорад
ДУШАНБЕ, 18 май - Sputnik. Валӣ Ваҳҳобов, сардори шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикии Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Ҷумҳурият” таъкид, ки қаллобӣ ва киберҷиноятҳо, асосан, тавассути интернет ва технологияҳои иттилоотӣ содир шуда, бештар ба дуздии маблағ, маълумоти шахсӣ ва тамаъҷӯӣ равона шудаанд.
Тибқи иттилои генерал-лейтенанти адлия, соли 2025-ум 468 ҷиноят, ки ба воситаҳои иттилоотии коммуникатсионӣ ба амал омадаанд, ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 36 ҷиноят зиёд аст.
“Дуздии маълумоти шахсӣ, гирифтани ному насаб, рақами корт, рамзҳо ё аксҳо бе иҷозат ҷиноят дониста мешавад. Мутаассифона, имрӯзҳо, ҳамчунин, таҳқир, таҳдид ё фишор ба одамон низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби афроди гуногун ба назар мерасад, ки ин амалҳо ғайриқонунӣ буда, ҷавобгариро талаб мекунад”, – изҳор доштааст оқои Ваҳҳобов.
Вай зикр кардааст, ки корбарони ин гурӯҳҳо бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии замони муосир бо роҳи таъсиррасонӣ ба шуур ва афкори одамон рафтори онҳоро тағйир медиҳанд ва кӯшиш менамоянд, ки муносибати байни давлат ва ҷомеаро хароб созанд.
“Онҳо дар бисёр шаклу намудҳо зуҳур карда, дар самтҳои гуногун хеле фаъоланд”, - гуфт ӯ.
Вай мисол овард, ки афроди гуногун, ки бештари онҳо хориҷанд, аз номи кормандони корхонаю ташкилотҳои ватанӣ, бонкҳо ё ин ки аз номи шахсиятҳои шинохта занг зада, аз сокинон рақамҳои корташонро мегиранд. Ҳамзамон, талаб мекунанд, ки маблағи гуногун аз 40 то 60 сомонӣба суратҳисоби онҳо зуд пардохт шавад.
“Дар сурати фавран гузарондани пули талабкардаи онҳо, дар муддати хеле кӯтоҳ ба корти шахсиашон маблағи аз 10 то 50 ҳазор сомонӣ ё аз ин бештар ёрипулӣ интиқол мегардад. Мардуми зудбовар ба ин суханони бардурӯғ бовар карда, пули гуфтаи онҳоро ба рақами корти пешниҳоднамудаашон мегузаронанд. Дар натиҷа, онҳо ҳам аз маблағи худ маҳрум мешаванд ва ҳам қаллобон рақамҳои корти онҳоро аз худ карда, маблағҳояшонро минбаъд медузданд”, - гуфт генерал-лейтенанти адлия.
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2026
Эҳтиёткор бошед: Бонки миллӣ аз шаклҳои нави қаллобӣ хабар дод
Валӣ Ваҳҳобов ёдовар шуд, ки чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари бардурӯғе паҳн шуд, ки гӯё Бонки миллии Тоҷикистон ба мизоҷон бо 1 фоиз қарз медиҳад.
Дар посух ба ин овозаи сохта Бонки мазкур вокуниш намуд, ки ин иттилои дар баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда воқеият надорад.
Мақомот аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ба хабару иттилооти носаҳеҳ бовар накунанд ва маълумоти расмиро танҳо аз манбаъҳои боэътимод дастрас намоянд.
Лентаи хабарҳо
0