https://sputnik.tj/20260121/ehtiyotkor-boshed-bonki-milli-qallobi-1074697105.html
Эҳтиёткор бошед: Бонки миллӣ аз шаклҳои нави қаллобӣ хабар дод
Эҳтиёткор бошед: Бонки миллӣ аз шаклҳои нави қаллобӣ хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш кардааст, ки маълумоти махфӣ ва шахсиро ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ кас надиҳанд
2026-01-21T18:15+0500
2026-01-21T18:15+0500
2026-01-21T18:15+0500
дар тоҷикистон
бонки миллӣ
бмт
қаллобӣ
молия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_0:64:3000:1752_1920x0_80_0_0_45592fecc9bd89541d1954b224a6ac0f.jpg
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми истифодаи кортҳои пардохтӣ, замимабарномаҳои мобилии бонкӣ ва хизматрасониҳои онлайнӣ ҳушёру эҳтиёткор бошанд.Бонки танзимгар таъкид кардааст, ки қаллобон метавонанд худро корманди ташкилоти қарзии молиявӣ, оператори мобилӣ ё “маркази дастгирӣ” муаррифӣ карда, бо роҳи фиреб маълумоти махфиро ба даст оранд.Бонки миллӣ хоҳиш кардааст, ки маълумоти махфиро шаҳрвандон ҳеҷ гоҳ ба касе надиҳандБонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостааст, ки ҳангоми зангҳо ё паёмҳои шубҳанок саросема нашаванд ва ҳеҷ гоҳ рамзҳои якдафъаина (SMS/OTP), PIN-рамз, гузарвожа (парол) ва маълумоти кортро ба касе надиҳанд - ҳатто агар шахс худро корманди ташкилоти қарзии молиявӣ ё ширкати мобилӣ муаррифӣ намояд.Ҳамчунин Бонк тавсия додааст, ки ба пайвандҳои ношинос ва шубҳанок надароянд.“Онҳоро накушоед ва барномаҳои ношиносро насб накунед, барои санҷиш ва гирифтани кӯмак танҳо ба рақамҳо ва шабакаҳои расмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ муроҷиат карда, аз замимабарнома ва сомонаи расмӣ истифода баред”, - таъкид кардааст Бонки миллӣ.
https://sputnik.tj/20251215/gardish-kriptoasor-tojikiston-ijoza-bonki-milli-1073824759.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_1ca53e0c2ff464e6bde609375f319528.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бонки миллӣ, қаллобӣ, фиреб, бмт, молия, бонк
тоҷикистон, бонки миллӣ, қаллобӣ, фиреб, бмт, молия, бонк
Эҳтиёткор бошед: Бонки миллӣ аз шаклҳои нави қаллобӣ хабар дод
Бонки миллии Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш кардааст, ки маълумоти махфӣ ва шахсиро ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ кас надиҳанд
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми истифодаи кортҳои пардохтӣ, замимабарномаҳои мобилии бонкӣ ва хизматрасониҳои онлайнӣ ҳушёру эҳтиёткор бошанд.
Бонки танзимгар таъкид кардааст, ки қаллобон метавонанд худро корманди ташкилоти қарзии молиявӣ, оператори мобилӣ ё “маркази дастгирӣ” муаррифӣ карда, бо роҳи фиреб маълумоти махфиро ба даст оранд.
Бонки миллӣ хоҳиш кардааст, ки маълумоти махфиро шаҳрвандон ҳеҷ гоҳ ба касе надиҳанд
“Ҳеҷ гоҳ ба шахсони дигар, ҳатто агар худро корманди ташкилоти қарзии молиявӣ муаррифӣ кунанд маълумот шахсӣ, ба монанди рақамҳои корт, рамзи ПИН ё рамзҳои якдаъфаинаи СМС- паёмакҳоро пешниҳод накунед”, - таъкид кардааст БМТ.
Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостааст, ки ҳангоми зангҳо ё паёмҳои шубҳанок саросема нашаванд ва ҳеҷ гоҳ рамзҳои якдафъаина (SMS/OTP), PIN-рамз, гузарвожа (парол) ва маълумоти кортро ба касе надиҳанд - ҳатто агар шахс худро корманди ташкилоти қарзии молиявӣ ё ширкати мобилӣ муаррифӣ намояд.
Ҳамчунин Бонк тавсия додааст, ки ба пайвандҳои ношинос ва шубҳанок надароянд.
“Онҳоро накушоед ва барномаҳои ношиносро насб накунед, барои санҷиш ва гирифтани кӯмак танҳо ба рақамҳо ва шабакаҳои расмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ муроҷиат карда, аз замимабарнома ва сомонаи расмӣ истифода баред”, - таъкид кардааст Бонки миллӣ.