КҲФ хисороти тӯфони шадид дар ВМКБ - ро эълон кард

© SputnikГород Хорог
Город Хорог - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2026
Обуна шудан
Дар натиҷаи тӯфони шадид дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 65 манзил пурра хароб шудааст
ДУШАНБЕ, 17 май - Sputnik. КҲФ хисороти тӯфони сахт дар шаҳри Хоруғ ва навоҳии Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва Ишкошимро ҳисоб кард.

Ҳамтн тавр, дар паи боди даҳшатноки рӯзи 10 май, дар маҷмӯъ 152 бинои истиқоматӣ осеб дидаанд, ки аз онҳо 65-тоаш пурра хароб гардида 79-тоаш қисман ва 8-тои дигараш осеби сабук гирифтаанд.

Чордаҳ иншооти иҷтимоӣ ва ёрирасон, ҳафт ҳаммом ва ошхона низ зарар дидаанд.

Ҳамчунин 306 дарахт, аз ҷумла 272 дарахти сафедор ва 34 дарахти мевагӣ, афтидаанд.

Ғайр аз ин, роҳи Хоруғ-Ишкошим дар наздикии деҳаи Нишусп бинобар афтидани дарахтон муваққатан баста шуда, наҷотбахшон барои арзёбии зарар ва ташкили корҳои барқарорсозӣ сафарбар карда шудаанд.
Дар баробари ин, тибқи иттилои Оҷонсии ҳавошиносии кишвар, 18–20 май дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар, хатари сар задани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ мешавад.
Тибқи маълумоти агентӣ, 18–19 май бинобар бориши шадид дар дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Вахш, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ), инчунин дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.
Последствия землетрясения в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2026
Заминларза дар Тоҷикобод: КҲФ мегӯяд касе осеб надид вале 22 хона қисман хароб шуд
Ҳамзамон 18–20 май дар аксари шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ба истиснои минтақаҳои шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли сар задани сел вуҷуд дорад.
Ҳамзамон 18 май дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон бо сабаби ворид гардидани чангу ғубор аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубӣ баланд гардидани сатҳи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ, аз ҷумла заррачаҳои РМ-10 ва РМ-2,5, дар назар дошта шудааст.
КҲФ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар чунин шароити номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётиро риоя намуда, аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0