https://sputnik.tj/20260404/zaminlarza-tojikobod-khf-oseb-khona-kharob-1076611070.html
Заминларза дар Тоҷикобод: КҲФ мегӯяд касе осеб надид вале 22 хона қисман хароб шуд
Заминларза дар Тоҷикобод: КҲФ мегӯяд касе осеб надид вале 22 хона қисман хароб шуд
Sputnik Тоҷикистон
КҲФ хабар дод, ки дар заминларзаи ахире, ки дар ноҳияи Тоҷикобод сурат гирифт касе осеб надидааст, вале 22 хона қисман ва як молхона пурра хароб шудааст
2026-04-04T12:41+0500
2026-04-04T12:41+0500
2026-04-04T12:41+0500
дар тоҷикистон
заминларза
заминҷунбӣ
хисорот
кҳф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0e/1066970530_0:23:600:361_1920x0_80_0_0_4bb627d4a5cf8de14e2d784470f41dbf.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои Фавақулоддаи Тоҷикистон ахиран Тоҷикистонро ду заминларза такон дод.Яке соати соати 15:26 ва дигаре соати 21:12 рух дод. Мақомот мегӯянд, маркази заминларза 186 километр шимолу шарқии шаҳри Душанбе, 49 километр шарқии ноҳияи Рашт ва 15 километр ҷанубии ноҳияи Тоҷикобод, дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод ҷойгир буда, қувваи он дар марказ 5–6 баллро ташкил додааст.Ба иттилои КҲФ дар пайи заминларзаҳои ахир 22 хонаи сокинон қисман ва як молхона пурра хароб шудааст.Ин ниҳод хабар додааст, ки дар деҳаҳои Саринай, Ширинчашма ва Полезаки ҷамоати деҳоти Ширинчашма 16 адад хонаҳои истиқоматӣ зарари сабук дида, 1 адад иншооти ёрирасон (оғилхона) пурра зарар дидааст.Ҳамчунин дар деҳаи Дараи Нӯшори ҷамоати деҳоти Нӯшор 6 адад хонаҳои истиқоматӣ зарари сабук дидаанд.КҲФ қайд кардааст, ки айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар мавзеъ кору фаъолият намуда, ҳаҷми пурраи зарар муайян карда мешавад.Таъкид шудааст, ки дар пайи ҳарду ҳодиса, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон даҳҳо заминҷунбӣ ба қайд гирифта мешавад, ки бархеи онҳо хисороти ҷониву молӣ ҳам дар пай доранд.Бояд қайд кард, ки моҳи апрели соли гузашта дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод заминларза сурат гирифт, ки дар пай он 1 нафар ҷон бохт, 16 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.Ичунин, 67 манзили истиқоматӣ пурра ва 280 хона қисман вайрон шуда, 146 бинои ёрирасон, аз қабили мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳо ва системаҳои обтаъминкунӣ зарар дида, 57 сар чорво талаф ёфтааст.КҲФ зарари заминларзаро, беш аз 17,78 миллион сомонӣ арзёбӣ кард. Дар маҷмуъ 1 ҳазору 331 оила, ҳамагӣ 5 ҳазору 639 нафар зарар дидаанд.
https://sputnik.tj/20251103/qati-barq-afghoniston-tojikiston-uzbekitson-zaminlarza-1072627067.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0e/1066970530_48:0:581:400_1920x0_80_0_0_08b9168d6587bbef923b59fc2ce91d93.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, заминларза, заминҷунбӣ, хисорот, кҳф
дар тоҷикистон, заминларза, заминҷунбӣ, хисорот, кҳф
Заминларза дар Тоҷикобод: КҲФ мегӯяд касе осеб надид вале 22 хона қисман хароб шуд
КҲФ хабар дод, ки дар заминларзаи ахире, ки дар ноҳияи Тоҷикобод сурат гирифт касе осеб надидааст, вале 22 хона қисман ва як молхона пурра хароб шудааст
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои Фавақулоддаи Тоҷикистон ахиран Тоҷикистонро ду заминларза такон дод.
Яке соати соати 15:26 ва дигаре соати 21:12 рух дод. Мақомот мегӯянд, маркази заминларза 186 километр шимолу шарқии шаҳри Душанбе, 49 километр шарқии ноҳияи Рашт ва 15 километр ҷанубии ноҳияи Тоҷикобод, дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод ҷойгир буда, қувваи он дар марказ 5–6 баллро ташкил додааст.
Ба иттилои КҲФ дар пайи заминларзаҳои ахир 22 хонаи сокинон қисман ва як молхона пурра хароб шудааст.
Ин ниҳод хабар додааст, ки дар деҳаҳои Саринай, Ширинчашма ва Полезаки ҷамоати деҳоти Ширинчашма 16 адад хонаҳои истиқоматӣ зарари сабук дида, 1 адад иншооти ёрирасон (оғилхона) пурра зарар дидааст.
Ҳамчунин дар деҳаи Дараи Нӯшори ҷамоати деҳоти Нӯшор 6 адад хонаҳои истиқоматӣ зарари сабук дидаанд.
КҲФ қайд кардааст, ки айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар мавзеъ кору фаъолият намуда, ҳаҷми пурраи зарар муайян карда мешавад.
Таъкид шудааст, ки дар пайи ҳарду ҳодиса, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон даҳҳо заминҷунбӣ ба қайд гирифта мешавад, ки бархеи онҳо хисороти ҷониву молӣ ҳам дар пай доранд.
Бояд қайд кард, ки моҳи апрели соли гузашта дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод заминларза сурат гирифт, ки дар пай он 1 нафар ҷон бохт, 16 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ичунин, 67 манзили истиқоматӣ пурра ва 280 хона қисман вайрон шуда, 146 бинои ёрирасон, аз қабили мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳо ва системаҳои обтаъминкунӣ зарар дида, 57 сар чорво талаф ёфтааст.
КҲФ зарари заминларзаро, беш аз 17,78 миллион сомонӣ арзёбӣ кард. Дар маҷмуъ 1 ҳазору 331 оила, ҳамагӣ 5 ҳазору 639 нафар зарар дидаанд.