Маълум шуд дар Тоҷикистон блогерон чӣ қадар даромад гирифтаанд

© Sputnik / Амир ИсаевДевушка снимает видео на смартфон
Девушка снимает видео на смартфон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2026
Обуна шудан
Кумитаи андози Тоҷикистон хабар додааст, ки блогерони Тоҷикистон ба ҳолати 1 апрели соли 2026 наздик ба 2 млн. сомонӣ даромад гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 15 мая - Sputnik. Кумитаи андози кишвар мегӯяд, ки як гурӯҳи шаҳрвандон ва андозсупорандагон тавассути мессенҷерҳои иҷтимоӣ ва шабакаи иҷтимоии “Ютуб” ва “Инстаграм”* каналҳои худро кушода, бо истифода аз он ба пахши видеову намоишҳо ва ҳар гуна бозиҳои бурднок машғул гардидаанд, вале на ҳамаи онҳо уҳдадориҳои андозии худро сари вақт ва дар ҳаҷми пурра иҷро менамоянд.
Ба иттилои Кумитаи андози кишвар ба ҳолати 1 апрели соли 2026, дар мақомоти андоз 124 адад субъекти тавассути шабакаи Интернет ва мессенҷерҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти блогерӣ, пахши видеороликҳо машғулбуда ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 (109 нафар) 15 адад бештар мебошад.
Дар 3 моҳи соли равон, даромади умумии субъектҳои мазкур, дар маҷмуъ, 5,6 млн сомониро ташкил додааст, ки маблағи андозҳои ҳисобшудаи аз ин ҳисоб ба 578,0 ҳазор сомонӣ баробар мебошад.
Ба иттилои Кумитаи андоз нишондиҳандаи даромади умумӣ аз ҳисоби соҳибкорони инфиродии ба фаъолияти блогерӣ машғулбуда дар 3 моҳи соли 2026, дар маҷмуъ, ба 1,9 млн сомонӣ баробар буда, афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 78,1 ҳазор сомонӣ ё 4% фоизро ташкил медиҳад.
Қайд карда мешавад, ки маблағи ҳисобшудаи андозҳо ба 7,9 ҳазор сомонӣ баробар мебошад.
Девушка снимает видео на смартфон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2025
Нигаронии мақомот аз фаъолияти блогерони тоҷик: аксарият меъёри забонро риоя намекунанд
Шумораи кормандони кирояи дар фаъолияти субъектҳои ба фаъолияти блогерӣ ҷалбгардида, дар маҷмуъ, 20 адад ва музди миёнаи меҳнат ба як корманд ба 2933,3 сомонӣ баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи кормандон 3 адад ва музди миёнаи меҳнат ҳамагӣ 168,3 сомонӣ зиёд гардидааст.
Қайд карда шудааст, ки шумораи кормандони кирояи дар фаъолияти шахсони ҳуқуқии ба фаъолияти блогерӣ машғулбуда 93 адад ва музди миёнаи меҳнат ба як корманд 1980 сомониро ташкил додааст.
Ин ниҳоди давлатӣ таъкид кардааст, ки дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар фаъолияти субъектҳои ба фаъолияти блогерӣ машғулбуда, ҷамъ, ба маблағи 670,3 ҳазор сомонӣ кам ҳисоб намудани маблағи андозҳо аз ҷониби Кумитаи андоз ошкор карда шуд.
“Баъд аз дастрас намудани огоҳиномаҳо аз ин ҳисоб ба буҷет ба маблағи 529,3 ҳазор сомонӣ андоз ворид гардидааст”, - хабар додааст Кумитаит андоз.
* - Meta (шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Инстаграм) дар Русия ҳамчун экстремистӣ манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0