https://sputnik.tj/20260430/afzoishi-baqiyapuliho-andoz-tojikiston-rahmon-nigaron-1077189765.html
Афзоиши бақияпулиҳои андоз дар Тоҷикистон Раҳмонро нигарон кардааст
Афзоиши бақияпулиҳои андоз дар Тоҷикистон Раҳмонро нигарон кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур мақомоти дахлдори кишварро барои коҳиш додани бақияпулиҳои андоз ва пешгирии афзоиши онҳо супориши қатъи дод
2026-04-30T16:41+0500
2026-04-30T16:41+0500
2026-04-30T16:41+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
иқтисод
андоз
камбудӣ
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/1d/1077177208_627:398:1629:961_1920x0_80_0_0_07c066069b8967176b7e44a82c67802e.jpg
ДУШАНБЕ, 30 апр - Sputnik. Ахиран раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумати кишвар иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ дар се моҳи соли равонро мусбат арзёбӣ кард.Ба гуфтаи вай нақшаи даромад дар сатҳи 108,3% таъмин гардида, ба буҷет зиёда аз 16,7 миллиард сомонӣ ворид шуд, аз ҷумла аз ҳисоби мақомоти андоз 119,4% ва Хадамоти гумрук 102,9%.Дар ҳамин ҳол кишвардори Тоҷикистон аз камбудиҳо ҳам таъкид кард.“Аммо таҳлил нишон медиҳад, ки дар паси ин нишондиҳандаҳои умумӣ камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда афзоиши бақияпулиҳои андоз мебошад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.Президенти кишвар ба Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук супориш дод, ки иҷрои пурра ва босифати қисми даромади буҷети давлатиро таъмин намоянд, барои коҳиш додани бақияпулиҳои андоз ва пешгирии афзоиши онҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумат ҳамчунин супориш дод, ки барои маъмурикунонии беҳтари андозу пардохтҳо, пурзӯр намудани назорати гумрукӣ, тавсеаи манбаъҳои андозбандӣ ва дарёфти сарчашмаҳои нави даромад тадбирҳои муассир роҳандозӣ намоянд.Раисҷумҳур вазорати молияро вазифадор кард, ки иҷрои саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти пурраи музди меҳнат, нафақа ва дигар кумакпулиҳоро таъмин намояд“маблағгузории соҳаҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳед”, - қайд кард раҳбари кишвар.
https://sputnik.tj/20260429/rahmon-hukumat-dastur-vobastagi-voridotro-kohish-1077177874.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/1d/1077177208_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_3c7d530fa9324a4f37b2acccc7135dfd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , иқтисод, андоз, камбудӣ, эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон, сиёсат , иқтисод, андоз, камбудӣ, эмомалӣ раҳмон
Афзоиши бақияпулиҳои андоз дар Тоҷикистон Раҳмонро нигарон кардааст
Раисҷумҳур мақомоти дахлдори кишварро барои коҳиш додани бақияпулиҳои андоз ва пешгирии афзоиши онҳо супориши қатъи дод
ДУШАНБЕ, 30 апр - Sputnik. Ахиран раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумати кишвар иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ дар се моҳи соли равонро мусбат арзёбӣ кард.
Ба гуфтаи вай нақшаи даромад дар сатҳи 108,3% таъмин гардида, ба буҷет зиёда аз 16,7 миллиард сомонӣ ворид шуд, аз ҷумла аз ҳисоби мақомоти андоз 119,4% ва Хадамоти гумрук 102,9%.
Дар ҳамин ҳол кишвардори Тоҷикистон аз камбудиҳо ҳам таъкид кард.
“Аммо таҳлил нишон медиҳад, ки дар паси ин нишондиҳандаҳои умумӣ камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда афзоиши бақияпулиҳои андоз мебошад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти кишвар ба Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук супориш дод, ки иҷрои пурра ва босифати қисми даромади буҷети давлатиро таъмин намоянд, барои коҳиш додани бақияпулиҳои андоз ва пешгирии афзоиши онҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумат ҳамчунин супориш дод, ки барои маъмурикунонии беҳтари андозу пардохтҳо, пурзӯр намудани назорати гумрукӣ, тавсеаи манбаъҳои андозбандӣ ва дарёфти сарчашмаҳои нави даромад тадбирҳои муассир роҳандозӣ намоянд.
Раисҷумҳур вазорати молияро вазифадор кард, ки иҷрои саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти пурраи музди меҳнат, нафақа ва дигар кумакпулиҳоро таъмин намояд
“маблағгузории соҳаҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳед”, - қайд кард раҳбари кишвар.