Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мехоҳанд бо ширкатҳои Русия ҳамкорӣ кунанд

© Sputnik"Казаньфорум-2026"
Казаньфорум-2026 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2026
Обуна шудан
Эксклюзив
Намояндаи Вазорати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ дар шаҳри Қазони Русия таъкид кард, ки сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон бехатар аст
ДУШАНБЕ, 15 май - Sputnik. Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ният доранд, бо ширкатҳои Русия ва минтақаҳои махсуси иқтисодии ин кишвар ҳамкорӣ кунанд.
Дар ин бора Ҷовид Ҳусейнзода, сардори Департаменти маъмурияти Минтақаҳои озоди иқтисодии Вазорати рушди иқтисоди кишвар, дар мусоҳиба бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар Форуми Қазон 2026 хабар дод.

"Мо аз минтақаҳои озоди иқтисодии Алабуга ва Иннополис боздид хоҳем кард ва ният дорем, ки ёддошти шарикӣ ба имзо расонем ва бо ширкатҳо, ниҳодҳо ва сокиноне, ки дар ин минтақаҳо фаъолият мекунанд, ҳамкорӣ барқарор кунем", - қайд кард ӯ дар ҳошияи чорабинӣ, ки дар Қазон баргузор мешавад.

Вай инчунин ба сармоягузорони рус пешниҳод кард, ки ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.
Ҳусейнзода қайд кард, ки сармоягузорӣ ба иқтисодӣ ҷумҳурӣ комилан амн аст.

"Вақте ки сармоягузор мехоҳад ба кишваре сармоягузорӣ кунад, аввал ба дастовардҳои онро менигарад. Омили аввал ин аст, ки соли гузашта Тоҷикистон аз ҷиҳати амният дар ҷаҳон дар ҷои дуюм қарор гирифт. Ҳамаи мо медонем, ки пул оромиро дӯст медорад", - гуфт ӯ ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

Вай дар баробари дигар дастовардҳои ҷолиби Тоҷикистон, инчунин дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар, андозбандӣ, суръати баланди рушди иқтисодӣ ва бозори бузурги фурӯш ёдрас шуд.
"Мо дар атрофи Афғонистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Покистон ва Ҳиндустонем. Ҳамроҳ бо Чин, аҳолии ин минтақа беш аз 1,5 миллиард нафарро ташкил медиҳад", - шарҳ дод мақомдори тоҷик дар ҷаласаи Форуми "ҚазонФорум 2026".
Производство в СЭЗ Куляб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2026
Дар МОИ Тоҷикистон 10%-и ширкатҳо бо саҳми Русия фаъолият доранд
Оқои Ҳусейнзода ёдовар шуд, ки Тоҷикистон барои 50 сол ба сармоягузорон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ имтиёзҳо пешниҳод кардааст.
Вай мушаххас кард, ки ин танҳо ба ду намуди андоз дахл дорад: меъёрҳои пасти иҷораи замин ва минтақаи озоди гумрукӣ.
Вай инчунин таъкид кард, ки Тоҷикистон барои тиҷорат "Равзанаи ягона"-ро роҳандозӣ хоҳад кард. Айни замон кишвар портали махсусеро таҳия мекунад, ки бақайдгириро осон месозад.
"Барои сабти ном шуданд дар минтақаи озоди иқтисодӣ, субъектҳо айни замон бояд аз якчанд марҳила гузаранд, ки ин равандро то андозае мураккаб мекунанд. Феҳристи онлайнӣ ин равандро содда мекунад, аз ҷумла гирифтани шаҳодатнома, раводид, бақайдгирӣ дар мақомоти андоз ва дигар иҷозатномаҳо - ҳама чиз рақамӣ карда мешавад", - қайд кард ӯ.
Намояндаи вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон меҳмонони Форуми "Қазонфорум 2026", аз ҷумла намояндагони тиҷорати Русияро, ба форуми байналмилалии сармоягузории Минтақаи озоди иқтисодӣ, ки моҳи август дар Гулистон ва Хуҷанд баргузор мешавад, даъват кард.
Лентаи хабарҳо
0