https://sputnik.tj/20260515/maqomot-shirkathoi-rusiya-muhojiron-tojikro-kor-tamin-1077547811.html
Мақомот: Ширкатҳои зиёди Русия омодаанд муҳоҷирони тоҷикро ба кор таъмин кунанд
Мақомот: Ширкатҳои зиёди Русия омодаанд муҳоҷирони тоҷикро ба кор таъмин кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот мегӯяд шаҳрвандоне, ки мехоҳанд дар Русия ба таври расмӣ кор кунанд метавонанд ба МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” муроҷиат намоянд
2026-05-15T11:43+0500
2026-05-15T11:43+0500
2026-05-15T11:43+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
муҳоҷирони корӣ
русия
ширкатҳо
кор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/13/1063597116_0:197:2965:1865_1920x0_80_0_0_07bc28dc09d95744d43e2cc4b7396ae0.jpg
ДУШАНБЕ, 15 мая - Sputnik. Хадамоти муҳоҷират хабар додааст, ки айни замон ширкатҳои зиёди Русия омодаанд шаҳрвандони Тоҷикистонро бо тарзи муташаккилона барои фаъолияти меҳнатӣ дар ин кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин намоянд.Ба иттилои ин ниҳод, ширкатҳои Русия омодаанд, ҳуҷҷатгузорӣ, роҳкиро, музди меҳнати арзанда ва ҷойи хобро ба уҳда гиранд.Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон эълон кардааст, ки хоҳишмандон метавонанд ба МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Хоруғ муроҷиат намоянд.Ин ниҳоди давлатӣ дар “Фурудгоҳҳои кишвар корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳиро дар байни муҳоҷирони бозгашта ва он муҳоҷироне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Русия равонаанд, зиёд кардааст.Дар ҷараёни вохӯриҳо бо он муҳоҷироне, ки айни замон аз Русия ба ватан баргаштаанд ҳамсуҳбат шуда, дар таъмин намудани онҳо бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ дар ширкатҳои ватанӣ, инчунин ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар тавсияҳо медиҳанд.Ҳамзамон, Хадамот аз муҳоҷирони корие, ки ба Русия равонаанд, тавсия медиҳанд, ки ҳатман шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии (Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид)-и ВКД Русия дар, ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, аз маҳзани манъшудагон санҷида баъдан азми сафар намоянд.Мақомоти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки назорат дар сарҳадоти Русия ҳоло пурзур карда шудааст.
https://sputnik.tj/20260511/grigorev-muhojirat-hamkorii-rusiya-tojikiston-afzaliyatnok-1077462105.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/13/1063597116_194:0:2925:2048_1920x0_80_0_0_37d9359fab1b983d90a1ef3ae8c8451a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, муҳоҷират, муҳоҷирони корӣ, русия, ширкатҳо, кор
дар тоҷикистон, муҳоҷират, муҳоҷирони корӣ, русия, ширкатҳо, кор
Мақомот: Ширкатҳои зиёди Русия омодаанд муҳоҷирони тоҷикро ба кор таъмин кунанд
Мақомот мегӯяд шаҳрвандоне, ки мехоҳанд дар Русия ба таври расмӣ кор кунанд метавонанд ба МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” муроҷиат намоянд
ДУШАНБЕ, 15 мая - Sputnik. Хадамоти муҳоҷират хабар додааст, ки айни замон ширкатҳои зиёди Русия омодаанд шаҳрвандони Тоҷикистонро бо тарзи муташаккилона барои фаъолияти меҳнатӣ дар ин кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин намоянд.
Ба иттилои ин ниҳод, ширкатҳои Русия омодаанд, ҳуҷҷатгузорӣ, роҳкиро, музди меҳнати арзанда ва ҷойи хобро ба уҳда гиранд.
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон эълон кардааст, ки хоҳишмандон метавонанд ба МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Хоруғ муроҷиат намоянд.
Ин ниҳоди давлатӣ дар “Фурудгоҳҳои кишвар корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳиро дар байни муҳоҷирони бозгашта ва он муҳоҷироне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Русия равонаанд, зиёд кардааст.
Дар ҷараёни вохӯриҳо бо он муҳоҷироне, ки айни замон аз Русия ба ватан баргаштаанд ҳамсуҳбат шуда, дар таъмин намудани онҳо бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ дар ширкатҳои ватанӣ, инчунин ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар тавсияҳо медиҳанд.
Ҳамзамон, Хадамот аз муҳоҷирони корие, ки ба Русия равонаанд, тавсия медиҳанд, ки ҳатман шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии (Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид)-и ВКД Русия дар, ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, аз маҳзани манъшудагон санҷида баъдан азми сафар намоянд.
Мақомоти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки назорат дар сарҳадоти Русия ҳоло пурзур карда шудааст.