https://sputnik.tj/20260203/tojikiston-qochoqi-mavodi-mukhaddir-rusiya-chin-peshgiri-1074974977.html
Тоҷикистон аз қочоқи беш 160 кг. маводи мухаддир ба Русия ва Чин пешгирӣ кард
Тоҷикистон аз қочоқи беш 160 кг. маводи мухаддир ба Русия ва Чин пешгирӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Агентии назорати маводи нашъаовар мегӯяд, ки беш аз 160 кг маводи мухаддир, ки дар Тоҷикистон мусодира шуд, бояд ба Русия ва дигар кишварҳо интиқол меёфтанд
2026-02-03T10:41+0500
2026-02-03T10:41+0500
2026-02-03T10:41+0500
дар тоҷикистон
қочоқи маводи мухаддир
маводи мухаддир
русия
чин
транзит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102262/56/1022625629_0:0:3193:1796_1920x0_80_0_0_a70d9c5b67d71d84c5717bd80c4dc0d3.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik Беш аз 160 кг моддаҳои психотропӣ, ки соли 2025 аз ҷониби нерӯҳои қудратии Тоҷикистон мусодира шуда буд, бояд ба Русия, Чин ва дигар кишварҳо интиқол меёфтанд.Дар ин бора Зафар Самад, директори Агентии назорати маводи нашъаоварТоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод."Мусодира нишон медиҳад, ки қисми зиёди метамфетамин аз Афғонистон ба Тоҷикистон барои интиқоли минбаъда дар масири ба истилоҳ шимолӣ ба дигар кишварҳо ворид мешавад. Тақрибан 161 кг ё 65% аз миқдори умумии моддаҳои психотропӣ ва синтетикии мусодирашуда дар кишвар (дар соли 2025) барои қочоқи минбаъда ба хориҷи кишвар пешбинӣ шуда буданд", - гуфт ӯ.Вай аз ҷумла гуфт, соли гузашта нерӯҳои амниятии кишвар аз қочоқи 15 кг метамфетамин, ки барои Русия, 8 кг барои Қирғизистон ва 6 кг барои Ӯзбекистон пешбинӣ шуда буд, пешгирӣ карданд.Вай афзуд, дар гузаргоҳи Қулма дар марзи Тоҷикистон ва Чин 76 кг метамфетамин, мусодира карда шуд.Директори агентӣ қайд кард, ки қариб 5 кг маводи мухаддир дар қолинҳои афғонӣ пайдо шудааст, ки ба гуфтаи манбаъ, онҳо бояд тавассути Тоҷикистон ба кишварҳои аврупоӣ интиқол дода мешуданд.Зафар Самад қайд кард, ки ҳар сол дар марзи Тоҷикистону Афғонистон миқдори зиёди маводи мухаддир мусодира мешавад - дар соли 2025 беш аз 2,7 тонна ва дар соли 2024 беш аз 1,8 тонна."Дар соли 2025, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва нерӯҳои амниятии Тоҷикистон 17 задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиёни маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва шаш задухӯрди чунинро дар соли 2024 сабт карданд, ки дар онҳо се шаҳрванди Афғонистон ва ду марзбони тоҷик кушта шуданд", - хабар дод директор.Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон кишвари транзитӣ дар масири шимолӣ барои интиқоли маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ боқӣ мемонад.Аз моҳи ноябри соли 2025 инҷониб, якчанд ҳамлаҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд, ки дар онҳо маводи мухаддир ва силоҳ аз ҳамлагарон мусодира карда шудаанд.Ин ҳамлаҳо боиси марг ва ҷароҳати шаҳрвандон, аз ҷумла шаҳрвандони Чин, инчунин сарбозони нерӯҳои марзии ҷумҳурӣ шудаанд.
https://sputnik.tj/20260202/afghonho-bozdoshti-khoriji-tojikiston-mavodi-mukhaddir-1074964491.html
https://sputnik.tj/20260130/dargiri-musallahona-margbor-qochoqbaron-afghon-tojikiston-1074897037.html
русия
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102262/56/1022625629_232:0:2963:2048_1920x0_80_0_0_b995c021d953ec8dff43ef589b6e4288.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, маводи мухаддир, чин, интиқол, агнетии нашъаовар
тоҷикистон, русия, маводи мухаддир, чин, интиқол, агнетии нашъаовар
Тоҷикистон аз қочоқи беш 160 кг. маводи мухаддир ба Русия ва Чин пешгирӣ кард
Агентии назорати маводи нашъаовар мегӯяд, ки беш аз 160 кг маводи мухаддир, ки дар Тоҷикистон мусодира шуд, бояд ба Русия ва дигар кишварҳо интиқол меёфтанд
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik Беш аз 160 кг моддаҳои психотропӣ, ки соли 2025 аз ҷониби нерӯҳои қудратии Тоҷикистон мусодира шуда буд, бояд ба Русия, Чин ва дигар кишварҳо интиқол меёфтанд.
Дар ин бора Зафар Самад, директори Агентии назорати маводи нашъаоварТоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.
"Мусодира нишон медиҳад, ки қисми зиёди метамфетамин аз Афғонистон ба Тоҷикистон барои интиқоли минбаъда дар масири ба истилоҳ шимолӣ ба дигар кишварҳо ворид мешавад. Тақрибан 161 кг ё 65% аз миқдори умумии моддаҳои психотропӣ ва синтетикии мусодирашуда дар кишвар (дар соли 2025) барои қочоқи минбаъда ба хориҷи кишвар пешбинӣ шуда буданд", - гуфт ӯ.
Вай аз ҷумла гуфт, соли гузашта нерӯҳои амниятии кишвар аз қочоқи 15 кг метамфетамин, ки барои Русия, 8 кг барои Қирғизистон ва 6 кг барои Ӯзбекистон пешбинӣ шуда буд, пешгирӣ карданд.
Вай афзуд, дар гузаргоҳи Қулма дар марзи Тоҷикистон ва Чин 76 кг метамфетамин, мусодира карда шуд.
Директори агентӣ қайд кард, ки қариб 5 кг маводи мухаддир дар қолинҳои афғонӣ пайдо шудааст, ки ба гуфтаи манбаъ, онҳо бояд тавассути Тоҷикистон ба кишварҳои аврупоӣ интиқол дода мешуданд.
Зафар Самад қайд кард, ки ҳар сол дар марзи Тоҷикистону Афғонистон миқдори зиёди маводи мухаддир мусодира мешавад - дар соли 2025 беш аз 2,7 тонна ва дар соли 2024 беш аз 1,8 тонна.
"Дар соли 2025, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва нерӯҳои амниятии Тоҷикистон 17 задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиёни маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва шаш задухӯрди чунинро дар соли 2024 сабт карданд, ки дар онҳо се шаҳрванди Афғонистон ва ду марзбони тоҷик кушта шуданд", - хабар дод директор.
Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон кишвари транзитӣ дар масири шимолӣ барои интиқоли маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ боқӣ мемонад.
Аз моҳи ноябри соли 2025 инҷониб, якчанд ҳамлаҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд, ки дар онҳо маводи мухаддир ва силоҳ аз ҳамлагарон мусодира карда шудаанд.
Ин ҳамлаҳо боиси марг ва ҷароҳати шаҳрвандон, аз ҷумла шаҳрвандони Чин, инчунин сарбозони нерӯҳои марзии ҷумҳурӣ шудаанд.