Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Шойгу гуфт артиши Украина чанд фоизи қаламрави Донбасро зери назорат дорад

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкЗаседание секретарей совбезов стран ШОС в Бишкеке
Заседание секретарей совбезов стран ШОС в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2026
Обуна шудан
Котиби шӯрои амнияти Русия гуфт, ки каме бештар аз 15% ҳудуди ҶМД таҳти назорати артиши Украина боқӣ мондааст
ДУШАНБЕ, 14 мая - Sputnik. Ба гуфтаи котиби Шӯрои амнияти Русия, Сергей Шойгу, Ҷумҳурии мардумии Луганс (ҶМЛ) пурра озод карда шудааст ва каме бештар аз 15% қаламрави Ҷумҳурии Марджумии Донетск (ҶМД) таҳти назорати Украина боқӣ мондааст.
“Қаламрави ҶМЛ пурра озод карда шудааст, дар ҳоле ки каме бештар аз 15% ҶМД таҳти назорати Украина боқӣ мондааст", - гуфт Шойгу дар ҷаласаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Бишкек.
Ба гуфтаи котиби Шӯрои амнияти Русия, аз аввали сол то кунун Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия беш аз 1800 километри мураббаъ қаламрав ва беш аз 80 маҳаллаи аҳолинишинро озод кардаанд.
Сергей Шойгу изҳор дошт, ки дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ, Артиши Русия ташаббуси стратегиро устувор нигоҳ медорад ва бо итминон дар тамоми хатти ҷабҳа пешравӣ дорад.
Рютте пешниҳод кард, ки кишварҳои НАТО 0,25%-и ММД-и худро барои кӯмак ба Украина ҷудо кунанд, хабар медиҳад Politico - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2026
Рютте пешниҳод кард, ки кишварҳои НАТО 0,25%-и ММД-и худро барои кӯмак ба Украина ҷудо кунанд, хабар медиҳад Politico.
"Айни замон, Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия ташаббуси стратегиро устувор нигоҳ медоранд ва бо итминон дар тамоми хатти ҷабҳа пешравӣ доранд", - гуфт Шойгу.
Рӯзи 10 март, президенти Русия Владимир Путин зимни мулоқот бо раҳбари ҶМД Денис Пушилин изҳор дошт, ки 15-17% қаламрави ҷумҳурӣ таҳти назорати Украина боқӣ мондааст. 1 апрел Вазорати дифоъ аз анҷоми озодкунии ҶМЛ эълон кард.
Лентаи хабарҳо
0