Раҳмон аз Чин ба Душанбе баргашт: Мақомот натиҷаҳои ин сафарро ҷамъбаст кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон возложил венки в честь 81-й годовщины Дня Победы.
Эмомали Рахмон возложил венки в честь 81-й годовщины Дня Победы. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2026
Обуна шудан
Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин анҷом ёфт ва раисҷумҳур аллакай ба Ватан баргашт
ДУШАНБЕ, 14 мая - Sputnik. Аз 11 то 14 май Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ дар Чин қарор дошт.
​Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин сафар дар шаҳрҳои Пекин ва Чонгчин бо роҳбарияти олии кишвари ҳамсоя, як гуруҳ намояндагони воломақоми Чин мулоқот карда, вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Чинро муҳокима намуд.
​“Аз руи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ ва вохӯрии доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Чин беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расид”, - қайд намудааст манбаъ.
​Руйдодҳои муҳими сафари давлатӣ — имзои санадҳои муҳим — Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин роҷеъ ба таъмиқи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарокати стратегӣ ва аз тарафи Шурои илмии Донишгоҳи Пекин бо унвони Профессори фахрӣ сарфароз гардонидани Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Имзои 31 санади ҳамкорӣ мийни Тоҷикистону Чин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2026
Имзои 31 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Чин
​14 май Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари давлатӣ аз шаҳри Чонгчини Чин ба Ватан баргашт.
​Дар фурудгоҳи байналмилалии Чонгчин Президенти Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Чин самимона гусел карданд.
Лентаи хабарҳо
0