https://sputnik.tj/20260513/dusti-abadan-dushmani--hej-goh-imzoi-sanad-tojikistonu-chin-1077505098.html
"Дӯстӣ — абадан, душманӣ — ҳеҷ гоҳ": Имзои 31 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Чин
"Дӯстӣ — абадан, душманӣ — ҳеҷ гоҳ": Имзои 31 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Чин
Sputnik Тоҷикистон
Миёни Тоҷикистону Чин даҳҳо санадҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисод, иҷтимоъ, маориф, амният ва ғайра ба имзо расид
2026-05-13T12:17+0500
2026-05-13T12:17+0500
2026-05-13T12:17+0500
дар тоҷикистон
чин
ҳамкорӣ
имзо
санад
эмомалӣ раҳмон
си ҷинпин
иқтисод
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/0d/1077504682_0:10:2560:1450_1920x0_80_0_0_c716b2b2e2ba85d837f852b7b4c03439.jpg
ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Чин 31 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст. Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳур, роҳбарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин зери Изҳороти муштараки Тоҷикистон ва Мардумии Чин роҷеъ ба таъмиқи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарокати стратегӣ дар даврони нав ва Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дустӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар имзо гузоштанд.Тавре зикр гардид, ин санад бо шиори зерин амал хоҳад дошт: "Дӯстӣ — абадан, душманӣ — ҳеҷ гоҳ".Ҳамчунин миёни ду кишвар сандаҳо дигар дар бахшҳои иқтисод, иҷтимоъ, маориф, фановарӣ, кишоварзӣ, саноат, молия, ва ғайра ба имзо расид.Ёдовар мешавем, ки 12 май дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин доир гардид.Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раҳабари Чин Си Ҷинпин зимни музокирот дар қолаби васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо ва дар қолаби маҳдуд, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмии пурра ва эътимоди амиқ доир гардиданд, доираи васеи масъалаҳои ҳамкории ду кишварро дар қолабҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ намуданд.Кишвардори Тоҷикистон дар дидор бо Си Ҷинпин таъкид кард, муносибатҳои ду кишвар имрӯз ба таври самарабахш ва босуръати баланд дар маҷрои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ рушд меёбанд.Вай таъкид кард, ки таъкид кард, ки робитаҳои иқтисодии ҳар ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорат, ҳамкории сармоягузорӣ, саноат, энергетика, бахши аграрӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак пайгирона рушд меёбанд.Дар ин замина афзоиши бемайлони нишондиҳандаҳои гардиши мол ва ҳаҷми сармоягузории ҷониби Чин ба иқтисоди Тоҷикистон мавриди ёдоварӣ қарор гирифт.Манбаъ зикр кардааст, ки Чин аз рӯйи ин нишондиҳандаҳо миёни шарикони иқтисодии хориҷии Тоҷикистон мақоми пешсафро ишғол менамояд ва ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 700 ширкат бо иштироки сармояи ҷониби Чин амал мекунад.Раҳмон аз Чин ва дастгирии Ҳукумати он дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими зерсохторӣ, аз ҷумла сохтмони шоҳроҳҳои дорои аҳаммияти стратегӣ, изҳори сипос кард.Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, дурнамои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, иқтисоди “сабз”, рақамикунонӣ, технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
https://sputnik.tj/20251114/gardish-chin-iiao-1072940632.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/0d/1077504682_44:0:2319:1706_1920x0_80_0_0_56a56b3c9e3f4d74089a59ce93cce209.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, чин, ҳамкорӣ, имзо, санад, эмомалӣ раҳмон, си ҷинпин, иқтисод, сиёсат
дар тоҷикистон, чин, ҳамкорӣ, имзо, санад, эмомалӣ раҳмон, си ҷинпин, иқтисод, сиёсат
"Дӯстӣ — абадан, душманӣ — ҳеҷ гоҳ": Имзои 31 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Чин
Миёни Тоҷикистону Чин даҳҳо санадҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисод, иҷтимоъ, маориф, амният ва ғайра ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Чин 31 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳур, роҳбарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин зери Изҳороти муштараки Тоҷикистон ва Мардумии Чин роҷеъ ба таъмиқи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарокати стратегӣ дар даврони нав ва Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дустӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар имзо гузоштанд.
Тавре зикр гардид, ин санад бо шиори зерин амал хоҳад дошт: "Дӯстӣ — абадан, душманӣ — ҳеҷ гоҳ".
Ҳамчунин миёни ду кишвар сандаҳо дигар дар бахшҳои иқтисод, иҷтимоъ, маориф, фановарӣ, кишоварзӣ, саноат, молия, ва ғайра ба имзо расид.
Ёдовар мешавем, ки 12 май дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин доир гардид.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раҳабари Чин Си Ҷинпин зимни музокирот дар қолаби васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо ва дар қолаби маҳдуд, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмии пурра ва эътимоди амиқ доир гардиданд, доираи васеи масъалаҳои ҳамкории ду кишварро дар қолабҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ намуданд.
Кишвардори Тоҷикистон дар дидор бо Си Ҷинпин таъкид кард, муносибатҳои ду кишвар имрӯз ба таври самарабахш ва босуръати баланд дар маҷрои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ рушд меёбанд.
"Ин раванд бозгӯи манфиатҳои мардумони мо, ки робитаҳои мустаҳками дӯстии самимона ва ҳусни ҳамҷаворӣ доранд, мебошад" — таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Вай таъкид кард, ки таъкид кард, ки робитаҳои иқтисодии ҳар ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорат, ҳамкории сармоягузорӣ, саноат, энергетика, бахши аграрӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак пайгирона рушд меёбанд.
Дар ин замина афзоиши бемайлони нишондиҳандаҳои гардиши мол ва ҳаҷми сармоягузории ҷониби Чин ба иқтисоди Тоҷикистон мавриди ёдоварӣ қарор гирифт.
Манбаъ зикр кардааст, ки Чин аз рӯйи ин нишондиҳандаҳо миёни шарикони иқтисодии хориҷии Тоҷикистон мақоми пешсафро ишғол менамояд ва ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 700 ширкат бо иштироки сармояи ҷониби Чин амал мекунад.
Раҳмон аз Чин ва дастгирии Ҳукумати он дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими зерсохторӣ, аз ҷумла сохтмони шоҳроҳҳои дорои аҳаммияти стратегӣ, изҳори сипос кард.
Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, дурнамои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, иқтисоди “сабз”, рақамикунонӣ, технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.