Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Полянский: Интиқоли силоҳ ба Киев вазъиятро ба нуқтаи бебозгашт наздиктар мекунад

© Sputnik / Игорь Наймушин / Гузариш ба медиабонкДмитрий Полянский
Дмитрий Полянский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2026
Обуна шудан
Қаблан вазири корҳои хориҷии Русия қайд карда буд, ки ҳама гуна интиқоли силоҳ барои Украина ҳадафи қонунии артиши кишвараш хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 14 мая - Sputnik. Дмитрий Полянский, намояндаи доимии Русия дар САҲА, изҳор дошт, ки интиқоли силоҳи нав ба Киев ва ҳар як ҳамлаи Ғарб ба қаламрави Русия вазъро ба нуқтаи бебозгашт наздик мекунад.
"Мо ба шумо маслиҳат медиҳем, ки ҳатто дар ин девонагии беандешаи милитаристӣ ва русофобӣ, ки қариб тамоми Аврупоро фаро гирифтааст, фаромӯш накунед, ки ҳар интиқоли силоҳи нав ба режими Киев, ҳар як амали душманона бар зидди мо дар баҳр, ҳар як ҳамла ба қаламрави Русия бо силоҳи Ғарб моро ба нуқтаи бебозгашт наздик мекунад", гуфт Полянский дар Шӯрои доимии САҲА.
Вай таъкид кард, ки Русия аз оқибатҳои чунин амалҳо кишварҳои Аврупоро ҳушдор медиҳад.
Русия барон аст, ки интиқоли силоҳ ба Украина ба ҳалли масъала ва барқарор намудани сулҳ халал мерасонад.
Заседание секретарей совбезов стран ШОС в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шойгу гуфт артиши Украина чанд фоизи қаламрави Донбасро зери назорат дорад
Русия боварӣ дорад, ки ин иқдом кишварҳои НАТО-ро мустақиман ба низоъ мекашад ва онҳо "бо оташ бозӣ" мекунанд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қаблан қайд карда буд, ки ҳама гуна интиқоли силоҳ барои Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳанд буд.
Лентаи хабарҳо
0