Дидаву дониста қонуншиканӣ мекунанд: Мақомот гуфт барои чӣ тоҷикон аз Русия ихроҷ мешаванд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкРейд по проверке документов у мигрантов в Новосибирске
Рейд по проверке документов у мигрантов в Новосибирске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2026
Обуна шудан
Намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон сабабҳои аслии берун намудани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русияро гуфт
ДУШАНБЕ, 14 мая - Sputnik. Кормандони Хадамоти муҳоҷират дар “Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе” ва фурудгоҳҳои кишвар миёни шаҳрвандони ҷумҳурӣ - муҳоҷирони меҳнатии бозгашта ва шаҳрвандоне, ки тавассути қатора ё ҳавопаймо ба минтақаҳои гуногуни Русия сафар мекунан, дидору мулоқотҳо мегузаронад.
Мутахассисони ин ниҳод ба муҳоҷирон дар бораи ҷойи кории холӣ таъмин намудани муҳоҷирони ба ватан бозгашта дар ширкатҳои ватанӣ, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, инчунин омодагӣ пеш аз сафар, пешгирии ҳодисаҳои пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, одамрабоӣ ва донистани қонунҳои нави Русия дар самти муҳоҷират маълумот медиҳанд.
Дар ин дидорҳо намояндагони мақомот таъкид мекунанд, ки бештари шаҳрвандони Тоҷикистон дидаву дониста ба қонунвайронкунии кишвари қабулкунанда даст мезананд.
“Дар натиҷа, воридшавии онҳо ба Русия манъ мегардад”, - қайд кард.
Инчунин қайд карда шуд, ки яке аз сабабҳои берун намудани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия, ин надонистани забони давлати қабулкунанда, тарзи либоспӯшӣ, инчунин, мондани риши дароз, ки дар ин кишвар қобили қабул нест, мебошад.
Председатель Госдумы РФ Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2026
Володин: Зарур аст, назорат бар муҳоҷирон дар Русия пурзур шавад
Мақомот дар ин дтидорҳо ба шаҳрвандон дар бораи вазъи имрӯзаи муҳоҷират дар Русия маълумот дода аз онҳо ки мехоҳанд ба Русия сафар кунанд, дар бораи талаботи нави қонунгузории Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ огоҳ бошанд.
Мақомоти Тоҷикистон муҳоҷиронро огоҳ кардааст, ки дар ҳолати риоя нагардидани талаботи қонунгузории кишвари иқомат шаҳрванди хориҷӣ дар Русия вазъи ҳуқуқии худро аз даст дода, ҳуҷҷатҳои ба дастоварда дар самти фаъолияти меҳнатӣ ба таври худкор бекор карда шуда, шаҳрванд ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0