Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лавров: ИМА мехоҳад транзити гази Русия тавассути Украинаро таҳти назорат бигирад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкВ цехе "ЭТЕРНО" ПАО "Челябинский трубопрокатный завод"
В цехе ЭТЕРНО ПАО Челябинский трубопрокатный завод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2026
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Русия гуфт, ки ИМА мехоҳад транзити гази Русия тавассути Украина ба кишварҳои Аврупоро назорат кунад
ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки амрикоиҳо ошкоро хоҳиши худ, дар барои назорат кардани транзити гази Русия тавассути Украина ба Аврупоро баён кардаанд.
"Онҳо мехоҳанд — онҳо инро ошкоро баён кардаанд — лӯлаи транзитии гази Украинаро аз Русия ба Аврупо гиранд, то ин ҷараёнҳоро низ назорат кунанд", - гуфт вазир рус дар мусоҳиба бо RT India.
Сергей Лавров гуфт, ки ИМА мехоҳад қисмати “Маҷрои Шимолӣ”-ро, ки ба ширкатҳои аврупоӣ тааллуқ дошт, бо нархи арзон харидорӣ кунад.
"Бубинед, ки чӣ тавр амрикоиҳо ҳоло нақша доранд, ки “Маҷрои Шимолӣ”-ро барқарор кунанд - ду лӯлаи гази таркидашуда. Ва бо вуҷуди ин, худи амрикоиҳо дар замони Ҷо Байден эълон карданд, ки ин лӯлаҳо кор намекунанд. Аммо, ҳоло онҳо украиниҳоро барои таркондани ин лӯлаҳо айбдор мекунанд - се аз чор лӯла тарконида шудаанд - ва амрикоиҳо мехоҳанд қисматеро, ки ба ширкатҳои аврупоӣ тааллуқ дошт, харидорӣ кунанд", - гуфт ӯ дар мусоҳиба бо RT India.
Российские военные в освобожденном Лисичанске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вазорати дифои Русия: Украина беш аз 30 ҳазор маротиба оташбасро нақз кар
Вазир таъкид кард, ки Вашингтон мехоҳад тақрибан даҳ маротиба камтар аз сармоягузории аввалияи Аврупо ин лӯларо бихарад.
Вазири корҳои хориҷӣ афзуд, ки ИМА инчунин хоҳиши худро барои назорат кардани транзити газ тавассути Украина пинҳон намекунад.
Лентаи хабарҳо
0