Дар ИДМ мубориза бар зидди паҳн намудани маводи мухаддир дар интернетро пурзур мекунанд

© Вазорати корҳои дохилаи ТоҷикистонМашварати роҳбарони воҳидҳои оперативии вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ
Машварати роҳбарони воҳидҳои оперативии вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2026
Обуна шудан
Дар машварати роҳбарони воҳидҳои оперативии вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар интернет баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 13 мая - Sputnik. Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати роҳбарони воҳидҳои бахши криминалӣ (оперативӣ)-и вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Тошкенти Узбекистон иштирок намуданд.
Ҳайати Тоҷикистонро муовини аввали вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон, Аламшо Аламшозода роҳбарӣ мекард.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва татбиқи роҳкорҳои инноватсионӣ дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар давлатҳои иштирокчии ИДМ, татбиқи онҳо дар фаъолияти амалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, баррасӣ шуд.
Дар ин ҷаласа ба хусус масъалаи татбиқи чораҳои ҳамоҳангшуда алайҳи интернет-провайдерҳо ва дигар захираҳои интернетие, ки барои паҳн намудани воситаҳои нашъадор истифода мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои таҳияи воситаҳои барномавию техникӣ, табодули таҷрибаи амалӣ байни кормандони сохторҳои мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои иштирокчии ИДМ-ро баррасӣ намуданд.
Экспертное исследование наркотических веществ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2026
Тоҷикистон аз қочоқи беш 160 кг. маводи мухаддир ба Русия ва Чин пешгирӣ кард
Қайд карда шудааст, ки дар анҷоми машварат қарорҳои дахлдор барои таҳкими муқовимати дастаҷамъона бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир дар самти гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва роҳҳои пешгирии онҳо қабул карда шуданд.
Дар машварати роҳбарони воҳидҳои оперативии вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ муовинони вазирони корҳои дохилии Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус, Русия, инчунин директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хавфноки давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд.
Лентаи хабарҳо
0