https://sputnik.tj/20251114/gardish-chin-iiao-1072940632.html
Гардиши мол миёни Чин ва ИИАО ба $228,3 млрд доллар расид
Гардиши мол миёни Чин ва ИИАО ба $228,3 млрд доллар расид
Sputnik Тоҷикистон
Дар қароргоҳи Комиссияи муштараки ИИАО ҷаласаи 5-уми Комиссияи муштарак оид ба татбиқи созишномаи тиҷоратӣ ва иқтисодӣ миёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Чин баргузор гардид
2025-11-14T16:21+0500
2025-11-14T16:21+0500
2025-11-14T16:21+0500
ииао
иқтисод
чин
гардиши молу коло
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/0e/1072940832_0:287:3071:2014_1920x0_80_0_0_36f34ca404abafd22b3213b918dbb7eb.jpg
ДУШАНБЕ, 13 ноя - Sputnik. Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ, гардиши мол миёни Чин ва ИИАО ба $228,3 млрд доллар расид.Дар ин бора, зимни ҷаласаи 5-уми Комиссияи муштарак оид ба татбиқи Созишнома дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Чин гузориш дода шуд.Чорабиниро вазири савдои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Андрей Слепнев ва муовини вазири тиҷорати Чин Ян Донг раисӣ карданд. Қайд карда шуд, ки кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Чин барои тақвияти ҳамкорӣ ва устувории занҷирҳои таъминот ва муқовимат ба чораҳои маҳдудкунандаи тиҷорат, ки бо қоидаҳои Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат мувофиқат намекунанд, саъй хоҳанд кард. Муовини вазири тиҷорати Чин Ян Донг имкониятҳои назарраси амиқтар кардани ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии байни Чин ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро таъкид кард.Ҷонибҳо омодагии худро барои роҳандозии муколама дар бораи ҳамоҳангсозии Ташаббуси "Як камарбанд ва як роҳ" ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) барои таҳияи амалҳои муштарак дар соҳаҳои ҳамкорӣ изҳор доштанд.
https://sputnik.tj/20251014/iiao-indoneziya-sozishnoma-tijorati-ozod-imzo-1072061684.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/0e/1072940832_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_130695f129da00bc771b3349f2e33160.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ииао,
Гардиши мол миёни Чин ва ИИАО ба $228,3 млрд доллар расид
Дар қароргоҳи Комиссияи муштараки ИИАО ҷаласаи 5-уми Комиссияи муштарак оид ба татбиқи созишномаи тиҷоратӣ ва иқтисодӣ миёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Чин баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13 ноя - Sputnik. Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ, гардиши мол миёни Чин ва ИИАО ба $228,3 млрд доллар расид.
Дар ин бора, зимни ҷаласаи 5-уми Комиссияи муштарак оид ба татбиқи Созишнома дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Чин гузориш дода шуд.
Чорабиниро вазири савдои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Андрей Слепнев ва муовини вазири тиҷорати Чин Ян Донг раисӣ карданд.
Қайд карда шуд, ки кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Чин барои тақвияти ҳамкорӣ ва устувории занҷирҳои таъминот ва муқовимат ба чораҳои маҳдудкунандаи тиҷорат, ки бо қоидаҳои Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат мувофиқат намекунанд, саъй хоҳанд кард.
"Дар соли 2024 рекорди ҳаҷми тиҷорати мутақобила гузошта шуд. Ва аз январ то сентябри соли 2025, тибқи омори мо, гардиши тиҷорат аллакай 228,38 млрд долларро ташкил дод", - изҳор дошт Ян Донг.
Муовини вазири тиҷорати Чин Ян Донг имкониятҳои назарраси амиқтар кардани ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии байни Чин ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро таъкид кард.
Ҷонибҳо омодагии худро барои роҳандозии муколама дар бораи ҳамоҳангсозии Ташаббуси "Як камарбанд ва як роҳ" ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) барои таҳияи амалҳои муштарак дар соҳаҳои ҳамкорӣ изҳор доштанд.