Ширкатҳои Тоҷикистону Чин ба маблағи 8 млрд доллар созишномаҳои имзо карданд

© Foto / Flickr / Пресс-служба президента ТаджикистанаТаджикско-китайский IT-форум в Пекине
Таджикско-китайский IT-форум в Пекине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2026
Обуна шудан
Беш аз 50 созишномаи гуногун байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Чин имзо шудаанд, ки аксаран ба бахши иқтисод рост меояд
ДУШАНБЕ, 12 май - Sputnik. Ширкатҳои Тоҷикистон ва Чин созишномаҳои ҳамкорӣ ба маблағи 8 млрд долларро имзо карданд.
Хадамоти матбуоти президент хабар дод, ки байни ҷонибҳо беш аз 50 шартнома имзо шудааст.
"Баъзе аз ин созишномаҳо, аз ҷумла, дар форуми IT бо номи "Пайвасти рақамии тиҷоратии Тоҷикистон ва Чин" ба даст омадаанд", - қайд кард хадамоти матбуоти раисҷумҳур.
Таъкид шудааст, ки созишномаҳои имзошуда байни ширкатҳо барои ҷалби сармоягузорӣ ба ҷумҳурии равона шудаанд.
Имзои созишҳо бо сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин, ки як рӯз пеш, 11 май оғоз шуда буд, алоқаманд аст.
Эмомали Рахмон возложил венки в честь 81-й годовщины Дня Победы. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2026
Вазорати хориҷа, ҷузъиёти сафари Раҳмон ба Чинро ироа кард
Сарвари давлат бо даъвати раҳбари Чин Си Ҷинпин ба Пекин рафт. Ҷонибҳо қасд доранд, ки ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, саноат, кишоварзӣ, логистика ва зеҳни сунъиро баррасӣ кунанд. Сафари Раҳмон то 14 май идома хоҳад ёфт.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Тоҷикистон низ фаъолона ҳамкориро густариш медиҳад. Айни замон Русия дар кишвар беш аз 30 лоиҳаи бузургро ба маблағи тақрибан 10,6 млрд доллар амалӣ мекунад.
Аз ҷумла, сохтмони Маркази кӯдакони болаёқат ва театри Маяковский дар Душанбе идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0