https://sputnik.tj/20260510/vazorati-khorija-rahmon-chin-safar-1077434806.html
Вазорати хориҷа, ҷузъиёти сафари Раҳмон ба Чинро ироа кард
Вазорати хориҷа, ҷузъиёти сафари Раҳмон ба Чинро ироа кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҷузъиёти сафари чоррӯзаи президенти Тоҷикистон ба Чинро расонаӣ кард
2026-05-10T10:21+0500
2026-05-10T10:21+0500
2026-05-10T10:28+0500
дар тоҷикистон
чин
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
вазорати умури хориҷии тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/09/1077409773_75:99:2048:1209_1920x0_80_0_0_4a31cc649aa2966f93b0e32b1d627ab2.jpg
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Ба иттилои вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо даъвати раҳбари Чин Си Ҷинпин сафари давлатӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сурат мегирад.Тавре ин вазорат хабар додааст, дар доираи сафар мулоқоти сатҳи олӣ баргузор гардида, дар он маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.Ҳамчунин ҷонибҳо барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла энергетика "иқтисоди сабз" ва технологияҳои рақамӣ мубодилаи афкори созанда хоҳанд кард.Вазорати хориҷа таъкид кардааст, ки роҳбарони ду кишвар дар дидору мулоқотҳо инчунин вазъи минтақа ва таҳкими ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди таҳдидҳои муосир дар доираи робитаҳо дар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ хоҳанд кард.Қайд карда шудааст, ки аз натиҷаи мулоқоти сатҳи олӣ, имзои бастаи нави санадҳои дуҷониба дар назар аст, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Чинро ба таври назаррас таҳким мебахшад.Зикр гардидааст, ки сафари мазкур идомаи мантиқии муколамаи сиёсии сарони давлатҳо буда, ба таҳкими дӯстии деринаи мардумон ва ҳамсоягии неки ду кишвар такони нав хоҳад бахшид.Ёдовар мешавем, ки дар таърихи муносибатҳои дуҷониба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва корӣ (солҳои 1993, 1996, 1999, 2001, 2003, 2007, 2012, 2013, 2014, 2015, 2017, 2018, 2019 ва 2023) ба Чин анҷом додааст.Роҳбарони Ҷумҳурии Мардумии Чин низ бо сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва корӣ (солҳои 2000, 2008, 2014, 2019 ва 2024) ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.Дар ҷараёни ин сафарҳо санадҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидаанд. Аввалин сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин моҳи марти соли 1993 сурат гирифт, ки дар рафти он ба ҳамкориҳои дуҷониба заминаҳо гузошта шудаанд.Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон миёни ду кишвар зиёда аз 250 санади дуҷониба ба имзо расидааст.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/55215
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/09/1077409773_195:0:2016:1366_1920x0_80_0_0_7bfffa901c5719872f331581de248271.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, чин, эмомалӣ раҳмон, сиёсат , вазорати умури хориҷии тоҷикистон
дар тоҷикистон, чин, эмомалӣ раҳмон, сиёсат , вазорати умури хориҷии тоҷикистон
Вазорати хориҷа, ҷузъиёти сафари Раҳмон ба Чинро ироа кард
10:21 10.05.2026 (Навсозишуда: 10:28 10.05.2026) Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҷузъиёти сафари чоррӯзаи президенти Тоҷикистон ба Чинро расонаӣ кард
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Ба иттилои вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо даъвати раҳбари Чин Си Ҷинпин сафари давлатӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сурат мегирад.
Тавре ин вазорат хабар додааст, дар доираи сафар мулоқоти сатҳи олӣ баргузор гардида, дар он маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ҳамчунин ҷонибҳо барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла энергетика "иқтисоди сабз" ва технологияҳои рақамӣ мубодилаи афкори созанда хоҳанд кард.
Вазорати хориҷа таъкид кардааст, ки роҳбарони ду кишвар дар дидору мулоқотҳо инчунин вазъи минтақа ва таҳкими ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди таҳдидҳои муосир дар доираи робитаҳо дар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ хоҳанд кард.
Қайд карда шудааст, ки аз натиҷаи мулоқоти сатҳи олӣ, имзои бастаи нави санадҳои дуҷониба дар назар аст, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Чинро ба таври назаррас таҳким мебахшад.
Зикр гардидааст, ки сафари мазкур идомаи мантиқии муколамаи сиёсии сарони давлатҳо буда, ба таҳкими дӯстии деринаи мардумон ва ҳамсоягии неки ду кишвар такони нав хоҳад бахшид.
Ёдовар мешавем, ки дар таърихи муносибатҳои дуҷониба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва корӣ (солҳои 1993, 1996, 1999, 2001, 2003, 2007, 2012, 2013, 2014, 2015, 2017, 2018, 2019 ва 2023) ба Чин анҷом додааст.
Роҳбарони Ҷумҳурии Мардумии Чин низ бо сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва корӣ (солҳои 2000, 2008, 2014, 2019 ва 2024) ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Дар ҷараёни ин сафарҳо санадҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидаанд. Аввалин сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин моҳи марти соли 1993 сурат гирифт, ки дар рафти он ба ҳамкориҳои дуҷониба заминаҳо гузошта шудаанд.
Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон миёни ду кишвар зиёда аз 250 санади дуҷониба ба имзо расидааст.