Аз Русия То Афғонистону Туркия: Содироти маҳсулоти кишоварзии Хатлон афзоиш ёфт

© Фото : МИД РТЯрмарка в Душанбе
Ярмарка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2026
Обуна шудан
Ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон раванди содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар бо суръат идома дорад
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ба гуфтаи мақомоти Хатлон ахиран аз ҳудуди вилоят 20 мошини боркаш бо зиёда аз 440 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба давлатҳои хориҷӣ равон карда шуд.
Тавре аз Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон иттилоъ додааст, аз аввали мавсими содирот то имрӯз тавассути гузаргоҳҳои гумрукии ҷумҳурӣ аз вилояти Хатлон беш аз 3000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои хориҷӣ интиқол дода шудааст.
Бино ба маълумоти пешниҳодшуда, қисми асосии содиротро пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳад, ки ҳаҷми он ба 2700 тонна мерасад.
Ҳамчунин зиёда аз 200 тонна лаблабуи сурх, 70 тонна зардолу ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ ба кишварҳои хориҷӣ содирот шудааст.
Қайд карда шудааст, ки маҳсулоти вилояти Хатлон ба давлатҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Туркия содир шудааст.
Боғкорӣ дар ноҳияи Спитамен  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2026
Иддаои ҳукумати Тоҷикистон дар бораи афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ
Қайд карда шудааст, ки афзоиши содирот ба хотири рушди зерсохтори соҳа, бахусус таъсиси марказҳои логистикӣ, анборҳои нигоҳдорӣ, сардхонаҳо ва коргоҳҳои бандубасти маҳсулот сурат гирифтааст.
Қайд карда шудааст, ки барои интиқоли саривақтии маҳсулот роҳҳои байналмилалии Душанбе–Бохтар–Панҷи Поён, Душанбе–Кӯлоб–Хоруғ–Кулма–Чин, Қизилқалъа–Ҷарбуҷа–Ӯзбекистон, Бохтар–Данғара–Кӯлоб ва дигар роҳҳои таҷдидшудаи ҷумҳурӣ ба таври фаъол истифода мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0