https://sputnik.tj/20260427/tojikiston-afzoishi-istehsol-mahsuloti-kishovarzi-1077124657.html
Иддаои ҳукумати Тоҷикистон дар бораи афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ
Иддаои ҳукумати Тоҷикистон дар бораи афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст, ки бахши кишоварзии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли равон рушди устувор нишон додааст
2026-04-27T18:20+0500
2026-04-27T18:20+0500
2026-04-27T18:20+0500
дар тоҷикистон
истеҳсол
маҳсулот
кишоварзӣ
истеҳсол
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103095/12/1030951241_0:15:2048:1167_1920x0_80_0_0_9c1f8574f7a3aca0b9825540c5a96909.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр - Sputnik. Дар моҳҳои январ–марти соли равон ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 5 миллиарду 415,7 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 8% афзоиш ёфтааст.Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.Аз ҷумла ба иттилои агентии омор, дар соҳаи растанипарварӣ афзоиш 4,8% ва дар чорвопарварӣ 8,1%-ро ташкил дода, саҳми асосии рушди соҳа ба чорвопарварӣ рост меояд.Қайд карда шудааст, ки саҳми хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 77,7%-ро ташкил дода, нақши онҳо дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ назаррас боқӣ мемонад.Ҳамзамон, ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 13,3% ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 9%-ро ташкил медиҳад, ки рушди минбаъдаи ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ муҳим арзёбӣ мегардад.Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли сабзавоту маҳсулоти буттамевагӣ тамоюли афзоиш дошта, истеҳсоли сабзавот 17,8 фоиз ва буттамевагиҳо 2,2 баробар зиёд гардидааст.Ин раванд ба иттилои манбаъ ба зиёд шудани майдони кишт ва истифодаи технологияҳои муосири агротехникӣ рабт дорад.Инчунин қайд карда шудааст, ки то 1 апрели соли 2026 кишти зироатҳои баҳорӣ дар майдони 118723 гектар гузаронида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3% кам мебошад.“Камшавии кишти баъзе зироатҳо, аз ҷумла ғалладона, картошка ва сабзавот, зарурати андешидани чораҳои иловагиро ҷиҳати истифодаи пурраи захираҳои замин ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ба миён мегузорад”, - хабар додааст Агентӣ.Ҳамзамон дар Тоҷикистон афзоиши кишти ҷуворимакка, зироатҳои хӯроки чорво ва пахта (1,6 фоиз) ба қайд гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20260418/istehsol-mahsulot-kishovarzi-kishvarho-iiao-afzud-1076916410.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103095/12/1030951241_231:0:2048:1363_1920x0_80_0_0_c4611b1091e162404eab00d65ca28e37.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, истеҳсол, маҳсулот, кишоварзӣ, истеҳсол, омор
дар тоҷикистон, истеҳсол, маҳсулот, кишоварзӣ, истеҳсол, омор
Иддаои ҳукумати Тоҷикистон дар бораи афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ
Ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст, ки бахши кишоварзии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли равон рушди устувор нишон додааст
ДУШАНБЕ, 27 апр - Sputnik. Дар моҳҳои январ–марти соли равон ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 5 миллиарду 415,7 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 8% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Аз ҷумла ба иттилои агентии омор, дар соҳаи растанипарварӣ афзоиш 4,8% ва дар чорвопарварӣ 8,1%-ро ташкил дода, саҳми асосии рушди соҳа ба чорвопарварӣ рост меояд.
Қайд карда шудааст, ки саҳми хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 77,7%-ро ташкил дода, нақши онҳо дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ назаррас боқӣ мемонад.
Ҳамзамон, ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 13,3% ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 9%-ро ташкил медиҳад, ки рушди минбаъдаи ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли сабзавоту маҳсулоти буттамевагӣ тамоюли афзоиш дошта, истеҳсоли сабзавот 17,8 фоиз ва буттамевагиҳо 2,2 баробар зиёд гардидааст.
Ин раванд ба иттилои манбаъ ба зиёд шудани майдони кишт ва истифодаи технологияҳои муосири агротехникӣ рабт дорад.
Инчунин қайд карда шудааст, ки то 1 апрели соли 2026 кишти зироатҳои баҳорӣ дар майдони 118723 гектар гузаронида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3% кам мебошад.
“Камшавии кишти баъзе зироатҳо, аз ҷумла ғалладона, картошка ва сабзавот, зарурати андешидани чораҳои иловагиро ҷиҳати истифодаи пурраи захираҳои замин ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ба миён мегузорад”, - хабар додааст Агентӣ.
Ҳамзамон дар Тоҷикистон афзоиши кишти ҷуворимакка, зироатҳои хӯроки чорво ва пахта (1,6 фоиз) ба қайд гирифта шудааст.