Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дар ҶХД дарахтони чинори сурх ба хотираи қурбониёни таҷовузи режими Киев мешинонанд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкОсень в Приморье
Осень в Приморье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2026
Обуна шудан
Ин лоиҳа аз ҷониби ҷавонони фаъоли муқими минтақаи Русия оғоз шудааст ва ҳадафаш гиромидошти руҳи қурбониён аст
ДУШАНБЕ, 12 май - Sputnik. Дар шаҳрҳои гуногуни ҶХД дарахтони чинори сурх ба хотираи қурбониёни таҷовузи режими Киев шинонида мешаванд.
Вазири сиёсати ҷавонони ҷумҳурӣ Денис Шимановский дар ин бора ба РИА "Новости" хабар дод.
"Дар Донетск лоиҳаи "Чинори сурх" оғоз шудааст ва нақша дорад садҳо дарахт дар шаҳрҳои гуногуни ҷумҳурӣ шинонда шаванд. Чинори сурх ба ёдгории зиндаи қурбониёни режими Киев табдил хоҳад ёфт", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Шимановский, ин лоиҳа аз ҷониби ҷавонони фаъоли муқими минтақаи Русия оғоз шудааст.
Владимир Зеленский после церемонии вручения премии Четыре свободы в Мидделбурге, Нидерланды, 16 апреля 2026 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Ин девонагӣ аст": Эътирози Зеленский пеш аз 9 май мардуми Киевро ба хашм овард
"Ҷавонон осори фоҷиаро ба рамзҳои зинда табдил додаанд. То он даме, ки ин дарахтон мерӯянд ва баргҳояшон садо медищанд, ҳақиқат дар бораи Донбасс зинда аст. Ҷавонон аз роҳбари ҷумҳурӣ барои дастгирии чунин ташаббуси таъсирбахш ва самимӣ миннатдоранд", - афзуд ӯ.
Раиси ҶХД Денис Пушилин қаблан оғози лоиҳаи "Чинори сурх"-ро эълон карда буд. 12 дарахти аввал дар 12-умин солгарди таъсисёбии ҷумҳурӣ дар наздикии ёдгории "Кӯдакони Донбасс - Кӯдакони ҷанг" шинонда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0