https://sputnik.tj/20260511/viloyat-sughd-korkhona-istehsol-surb-1077453363.html
Дар вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли сурб аз нав ба кор даромад
Дар вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли сурб аз нав ба кор даромад
Sputnik Тоҷикистон
Раванди омодагӣ бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи вилоят сурат мегирад
2026-05-11T10:21+0500
2026-05-11T10:21+0500
2026-05-11T10:21+0500
суғд
панҷакент
саноат
истеҳсол
ҳаҷми истеҳсол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/09/1077427620_43:78:800:504_1920x0_80_0_0_255f0811e2077e68ec15c7f38f802763.jpg
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли сурб аз нав ба кор даромад.Дар ин бора хадамоти матбуотии маъмурияти шаҳр хабар дод.Қайд карда мешавад, ки раванди омодагӣ бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи вилоятҳо сурат мегирад.Мақомоти масъул, аз ҷумла шаҳрдор Абдухолиқ Холиқзода ва президенти Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ Қобил Хушвақтзода, ҷараёни барқарорсозии корхонаро тафтиш карданд.Хадамоти матбуот таъкид кард, ки айни замон нақшаҳо барои гузаронидани санҷиши техникии таҷҳизот ва механизмҳои марбут ба он, сохтмони коргоҳи нав ва азнавсозии яке аз қитъаҳои наздики истихроҷи маъдан идома доранд.Ғайр аз ин, марҳилаи аввали аз нав ба кор андохтани корхона тақрибан 150 ҷойи корӣ фароҳам меорад.Ҳайат инчунин фаъолияти коргоҳи истеҳсоли шиферро, ки иқтидори ҳаррӯзаи 1500 ададро дорад, тафтиш кард.Ғайр аз ин, шӯъбаи коркарди реги сохтмонӣ ва санги майда ба кор андохта шуд. Тибқи нақшаи муқарраршуда, ин воҳид, ки қодир аст дар як рӯз то 120 тонна чунин мавод истеҳсол кунад ва 10 ҷойи кори нав барои сокинони шаҳр фароҳам меорад.Дар охири сафар, ҳайат бо сохтмони корхонаи истихроҷ ва коркарди маъдани сурб, ки лоиҳаи онро ҶДММ "Канзи Диёр" амалӣ мекунад, шинос шуданд.Хадамоти матбуот таъкид кард, ки айни замон корҳои омодасозии инфрасохтор, аз ҷумла кашидани хатти барқ ва сохтмони роҳ, идома доранд. Интизор меравад, ки марҳилаи аввали корхона 1000 ҷойи нави корӣ эҷод кунад.
https://sputnik.tj/20260503/korkhonai-zarafshon-moghiyon-nerugohi-barqi-obii-bunyod-1077247690.html
суғд
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/09/1077427620_61:0:772:533_1920x0_80_0_0_fcdd80e4a3bfd0d9c8d12c1084664726.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд, панҷакент, саноат, истеҳсол, ҳаҷми истеҳсол
суғд, панҷакент, саноат, истеҳсол, ҳаҷми истеҳсол
Дар вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли сурб аз нав ба кор даромад
Раванди омодагӣ бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи вилоят сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли сурб аз нав ба кор даромад.
Дар ин бора хадамоти матбуотии маъмурияти шаҳр хабар дод.
Қайд карда мешавад, ки раванди омодагӣ бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи вилоятҳо сурат мегирад.
Мақомоти масъул, аз ҷумла шаҳрдор Абдухолиқ Холиқзода ва президенти Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ Қобил Хушвақтзода, ҷараёни барқарорсозии корхонаро тафтиш карданд.
Хадамоти матбуот таъкид кард, ки айни замон нақшаҳо барои гузаронидани санҷиши техникии таҷҳизот ва механизмҳои марбут ба он, сохтмони коргоҳи нав ва азнавсозии яке аз қитъаҳои наздики истихроҷи маъдан идома доранд.
Ғайр аз ин, марҳилаи аввали аз нав ба кор андохтани корхона тақрибан 150 ҷойи корӣ фароҳам меорад.
Ҳайат инчунин фаъолияти коргоҳи истеҳсоли шиферро, ки иқтидори ҳаррӯзаи 1500 ададро дорад, тафтиш кард.
Ғайр аз ин, шӯъбаи коркарди реги сохтмонӣ ва санги майда ба кор андохта шуд. Тибқи нақшаи муқарраршуда, ин воҳид, ки қодир аст дар як рӯз то 120 тонна чунин мавод истеҳсол кунад ва 10 ҷойи кори нав барои сокинони шаҳр фароҳам меорад.
Дар охири сафар, ҳайат бо сохтмони корхонаи истихроҷ ва коркарди маъдани сурб, ки лоиҳаи онро ҶДММ "Канзи Диёр" амалӣ мекунад, шинос шуданд.
Хадамоти матбуот таъкид кард, ки айни замон корҳои омодасозии инфрасохтор, аз ҷумла кашидани хатти барқ ва сохтмони роҳ, идома доранд. Интизор меравад, ки марҳилаи аввали корхона 1000 ҷойи нави корӣ эҷод кунад.