Фаъолияти 924 коргоҳи истеҳсолӣ дар вилояти Хатлон

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЗавод по производству питьевой воды Global Invest в городе Нурек.
Завод по производству питьевой воды Global Invest в городе Нурек. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2026
Обуна шудан
Фаъолияти босуботи корхонаҳои истеҳсолӣ барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намудааст
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дар моҳҳои январ-марти соли 2026 корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 2 миллиарду 969 миллиону 73,5 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.
Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум бо нархҳои муқоисавӣ 10% зиёд мебошад.
Қайд карда шудааст, ки рушди соҳаи саноати вилояти Хатлон асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар бахшҳои саноати истихроҷӣ ва саноати коркард таъмин гардидааст.
“Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсолот дар саноати истихроҷӣ 27,4% ва дар саноати коркард 4,9% афзоиш ёфтааст”, - хабар додааст Агентӣ.
Ҳамчунин хабар дода шудааст, ки дар давраи ҳисоботӣ 924 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият намуданд.
25-я Российская агропромышленная выставка Золотая осень – 2023  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2026
Истеҳсоли орд дар Тоҷикистон ба маротиб афзоиш ёфтааст
Аз ҷумла, 140 адад дар соҳаи саноати истихроҷӣ, 717 адад дар бахши саноати коркард ва 67 адад дар самти таъминоти об ва коркарди партовҳо ба фаъолият машғул буданд.
Гуфта мешавад, ки фаъолияти босуботи корхонаҳои истеҳсолӣ барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намудааст.
Ҳамзамон, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва ҷалби технологияҳои муосир ба рушди минбаъдаи соҳаи саноати вилояти Хатлон такони ҷиддӣ бахшидааст.
Лентаи хабарҳо
0