Путин: равобити Русия ва Беларус нисбат ба муносибатҳои ИИАО амиқтаранд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин встречает президента Белоруссии Александра Лукашенко в Кремле в День Победы.
Президент РФ Владимир Путин встречает президента Белоруссии Александра Лукашенко в Кремле в День Победы.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2026
Обуна шудан
Путин изҳор дошт, ки муносибатҳои Русия ва Беларус нисбат ба муносибатҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар як қатор масъалаҳо амиқтаранд
ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки муносибатҳои Русия ва Беларус дар баъзе соҳаҳо нисбат ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) амиқтаранд.
Путин ва президенти Беларус Александр Лукашенко дар Кремл гуфтугӯ карданд. Интизор меравад, ки президентҳо ҳамкориҳои дуҷониба, вазъи ҷаҳонӣ ва дигар масъалаҳоро баррасӣ карданд.
Раҳбари Беларус инчунин дар ҷашнҳои 9 май ба муносибати солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок кард.
Раҳбари Русия дар суханронии худ тамоюлҳои мусбатро дар иқтисоди Русия қайд кард.
"Равобити мо, ба шарикони мо дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё низ таъсир мерасонанд. Ва аз ин ҳам бештар ба муносибатҳои мо бо Беларус, зеро мо дар баъзе соҳаҳо муносибатҳои амиқтар аз Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дорем", - гуфт Путин.
Погрузчик на новом контейнерном терминале Запад на территории транспортно-логистического центра Ворсино в Калужской области. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2026
Табодули коло Узбекистон бо кишварҳои ИИАО ба беш аз 5 млрд доллар расид
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
Лентаи хабарҳо
0