https://sputnik.tj/20260509/safiri-rusiya-avstriya-nozi-avrupo-sar-bolo-1077432634.html
Сафири Русия дар Австрия: Нозӣ бори дигар дар Аврупо сар боло дорад
Сафири Русия дар Австрия: Нозӣ бори дигар дар Аврупо сар боло дорад
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Русия дар Австрия бовар дорад, ки имрӯзҳо нозӣ дар ҳудуди Аврупо боз сар боло кардааст ва аз усулҳои таблиғотии давраи Геббелс истифода мекунад
2026-05-09T19:03+0500
2026-05-09T19:03+0500
2026-05-09T19:01+0500
русия
дар русия
81-солгарди ғалаба дар ҷанги бузурги ватанӣ
рӯзи ғалаба
нозӣ
аврупо
австрия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/09/1077431813_0:56:1200:732_1920x0_80_0_0_ed2401886be2a3a31609fa3e567019f0.jpg
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Нозӣ бори дигар дар Аврупо пайдо шудааст ва Австрия низ истисно нест, гуфт Андрей Грозов, сафири Русия дар Австрия."Мо бо нигаронии амиқ мебинем, ки чӣ тавр нозӣ ва пайравони он – неонозиҳои муосир - бори дигар дар Аврупо сар боло мекунанд. Усулҳои таблиғотии давраи Геббелс фаъолона истифода мешаванд: дурӯғҳои даҳшатнок, тарсондан бо таҳдиди хаёлӣ аз Шарқ, барангехтани нафрати қавмӣ ва низоъҳо байни кишварҳои ҳамсоя ва ташвиқи пинҳонӣ ва аксар вақт дастгирии амалҳои иттиҳодияҳои ба ном неонатсистӣ”, гуфт сафири рус дар суханронии худ дар сафорати Русия.Вай дар зиёфати расмие, ки бахшида ба 81-умин солагии пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор шуд, илова кард, ки мутаассифона, ин раванд дар Австрия низ сурат гирифтааст."Вазифаи мо ҳамчун ворисони ғолибон бар нозӣ ин аст, ки сазовори қаҳрамонии онҳо бошем, аз ҳақиқат дар бораи ҷанг дифоъ кунем, аз таҳрифи он муқовимат кунем, хотираи таърихӣ ва адолатро ҳифз кунем ва аз кӯшишҳои таҷдиди назар кардани натиҷаҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва сафед кардани нозӣ ба хотири манфиати сиёсӣ пешгирӣ кунем", -қайд кард сафири Русия дар Австрия.Сафири Русия дар Вена гуфт, ки нодида гирифтани дарсҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ҷаҳонро дар остонаи фалокат қарор медиҳад."Таҷрибаи таърихӣ ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки нодида гирифтани дарсҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, ташвиқ ва таблиғи эҳсосоти милитаристӣ ва таҷдиди назар ва такя ба усулҳои қудрат барои ҳалли мушкилоти байналмилалӣ боиси шиддат гирифтани вазъ ва нооромӣ мегардад ва ҷаҳонро дар остонаи фалокат қарор медиҳад", - гуфт дипломат.Вай афзуд, ки якҷоя шудани ин омилҳо ва таҷдиди назари қасдона дар хотираи таърихӣ хатари хосеро ба вуҷуд меорад.Сафири Русия дар Австрия Андрей Грозов қайд кард, ки якчанд кишварҳо кӯшиш доранд, ки саҳми ИТтиҳоди Шӯоравиро дар шикасти фашизм кам кунанд."Мо чунин ташаббусҳоро ҳамчун як қисми кӯшиши қасдан барои аз нав дида баромадани натиҷаҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ мешуморем. Дар паси гапҳо "контекстуализатсия" хоҳиши аз нав дида баромадани далелҳои таърихии қабулшуда, кам кардани саҳми ҳалкунандаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар шикасти фашизм ва шубҳа ба рисолати озодихоҳии Артиши Сурх пинҳон карда шудааст", - гуфт сафир.
https://sputnik.tj/20250429/putin-nametavonem-guzorem-nozi-avrupo-ehyo-1067173973.html
русия
аврупо
австрия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/09/1077431813_0:0:1200:900_1920x0_80_0_0_11aac34465ddaa42362bb8ca6e9a00da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, дар русия, 81-солгарди ғалаба дар ҷанги бузурги ватанӣ, рӯзи ғалаба, нозӣ, аврупо, австрия
русия, дар русия, 81-солгарди ғалаба дар ҷанги бузурги ватанӣ, рӯзи ғалаба, нозӣ, аврупо, австрия
Сафири Русия дар Австрия: Нозӣ бори дигар дар Аврупо сар боло дорад
Сафири Русия дар Австрия бовар дорад, ки имрӯзҳо нозӣ дар ҳудуди Аврупо боз сар боло кардааст ва аз усулҳои таблиғотии давраи Геббелс истифода мекунад
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Нозӣ бори дигар дар Аврупо пайдо шудааст ва Австрия низ истисно нест, гуфт Андрей Грозов, сафири Русия дар Австрия.
"Мо бо нигаронии амиқ мебинем, ки чӣ тавр нозӣ ва пайравони он – неонозиҳои муосир - бори дигар дар Аврупо сар боло мекунанд. Усулҳои таблиғотии давраи Геббелс фаъолона истифода мешаванд: дурӯғҳои даҳшатнок, тарсондан бо таҳдиди хаёлӣ аз Шарқ, барангехтани нафрати қавмӣ ва низоъҳо байни кишварҳои ҳамсоя ва ташвиқи пинҳонӣ ва аксар вақт дастгирии амалҳои иттиҳодияҳои ба ном неонатсистӣ”, гуфт сафири рус дар суханронии худ дар сафорати Русия.
Вай дар зиёфати расмие, ки бахшида ба 81-умин солагии пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор шуд, илова кард, ки мутаассифона, ин раванд дар Австрия низ сурат гирифтааст.
"Вазифаи мо ҳамчун ворисони ғолибон бар нозӣ ин аст, ки сазовори қаҳрамонии онҳо бошем, аз ҳақиқат дар бораи ҷанг дифоъ кунем, аз таҳрифи он муқовимат кунем, хотираи таърихӣ ва адолатро ҳифз кунем ва аз кӯшишҳои таҷдиди назар кардани натиҷаҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва сафед кардани нозӣ ба хотири манфиати сиёсӣ пешгирӣ кунем", -қайд кард сафири Русия дар Австрия.
Сафири Русия дар Вена гуфт, ки нодида гирифтани дарсҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ҷаҳонро дар остонаи фалокат қарор медиҳад.
"Таҷрибаи таърихӣ ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки нодида гирифтани дарсҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, ташвиқ ва таблиғи эҳсосоти милитаристӣ ва таҷдиди назар ва такя ба усулҳои қудрат барои ҳалли мушкилоти байналмилалӣ боиси шиддат гирифтани вазъ ва нооромӣ мегардад ва ҷаҳонро дар остонаи фалокат қарор медиҳад", - гуфт дипломат.
Вай афзуд, ки якҷоя шудани ин омилҳо ва таҷдиди назари қасдона дар хотираи таърихӣ хатари хосеро ба вуҷуд меорад.
Сафири Русия дар Австрия Андрей Грозов қайд кард, ки якчанд кишварҳо кӯшиш доранд, ки саҳми ИТтиҳоди Шӯоравиро дар шикасти фашизм кам кунанд.
"Мо чунин ташаббусҳоро ҳамчун як қисми кӯшиши қасдан барои аз нав дида баромадани натиҷаҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ мешуморем. Дар паси гапҳо "контекстуализатсия" хоҳиши аз нав дида баромадани далелҳои таърихии қабулшуда, кам кардани саҳми ҳалкунандаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар шикасти фашизм ва шубҳа ба рисолати озодихоҳии Артиши Сурх пинҳон карда шудааст", - гуфт сафир.