https://sputnik.tj/20260509/peskov-suhbati-navi-putin-tramp-ukraina-1077430150.html
Песков гуфт сӯҳбати нави Путин ва Трамп дар бораи Украина кай сурат мегирад
Песков гуфт сӯҳбати нави Путин ва Трамп дар бораи Украина кай сурат мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Ахиран роҳбарони ду кишвар, Русия ва ИМА барои баррасии ҳалли низоъҳо гуфтугӯ карданд
2026-05-09T19:41+0500
2026-05-09T19:41+0500
2026-05-09T19:41+0500
украина
амалиёти вижа
дмитрий песков
доналд трамп
владимир путин
музокирот
ҳалли низоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/09/1077424579_0:0:2917:1642_1920x0_80_0_0_d56f7509fe51da39b9b8f0615a661de7.jpg
ДУШАНБЕ, 9 май – Sputnik. Айни замон сӯҳбати нави президентҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп дар бораи низоъ дар Украина ба нақша гирифта нашудааст.Дар ин бора сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков хабар дод."На, дар айни замон чунин нақшаҳо вуҷуд надоранд", - гуфт сухангӯи Кремл.Қаблан, ёвари президенти Русия Юрий Ушаков эълон кард, ки Русия бо ташаббуси Трамп барои оташбас бо Украина аз 9 то 11 май розӣ шудааст.Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижа низомӣ анҷом медиҳад. Президенти Русия Владимир Путин рисолати онро "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти виаи низомӣ озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.Кишварҳои Ғарб расман даст доштани худро дар низоъ дар Украина рад мекунанд, аммо ба Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина силоҳ медиҳанд.Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли дорои силоҳ, ки барои Украина пешбинӣ шудааст, ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд. Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо таъмини силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".Дар айни замон, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор карда буд.
https://sputnik.tj/20260508/izhoroti-sakhti-gharb-ukraina-1077382924.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/09/1077424579_166:0:2895:2047_1920x0_80_0_0_865c16b1bfaeb8fefdc58ff42a67a2cb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, дмитрий песков, доналд трамп, владимир путин, музокирот, ҳалли низоъ
украина, амалиёти вижа, дмитрий песков, доналд трамп, владимир путин, музокирот, ҳалли низоъ
Песков гуфт сӯҳбати нави Путин ва Трамп дар бораи Украина кай сурат мегирад
Ахиран роҳбарони ду кишвар, Русия ва ИМА барои баррасии ҳалли низоъҳо гуфтугӯ карданд
ДУШАНБЕ, 9 май – Sputnik. Айни замон сӯҳбати нави президентҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп дар бораи низоъ дар Украина ба нақша гирифта нашудааст.
Дар ин бора сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков хабар дод.
"На, дар айни замон чунин нақшаҳо вуҷуд надоранд", - гуфт сухангӯи Кремл.
Қаблан, ёвари президенти Русия Юрий Ушаков эълон кард, ки Русия бо ташаббуси Трамп барои оташбас бо Украина аз 9 то 11 май розӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижа низомӣ анҷом медиҳад. Президенти Русия Владимир Путин рисолати онро "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти виаи низомӣ озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои Ғарб расман даст доштани худро дар низоъ дар Украина рад мекунанд, аммо ба Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина силоҳ медиҳанд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли дорои силоҳ, ки барои Украина пешбинӣ шудааст, ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд. Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо таъмини силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".
Дар айни замон, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор карда буд.