https://sputnik.tj/20260407/hama-omoda-haj-meshavad-sharhi-kumita-1076653192.html
“Ҳама омода, аммо оё ҳаҷ мешавад?” – шарҳи Кумита
“Ҳама омода, аммо оё ҳаҷ мешавад?” – шарҳи Кумита
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот иддао дорад, ки аввалин парвози ҳавопаймои зойирин ба Арабистони Саудӣ 6 майи соли равон сурат хоҳад гирифт
2026-04-07T10:41+0500
2026-04-07T10:41+0500
2026-04-07T10:41+0500
вазъ дар ховари миёна: хабарҳои ахир
дар тоҷикистон
дин ва оин
кумитаи дин
ҳаҷ
ислом
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/06/1076652303_0:512:2730:2048_1920x0_80_0_0_6d396966ccd9917acaf3a91e981fb51c.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр – Sputnik. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон таърихи аввалин сафари зойирони тоҷикро мушаххас кард.Аммо он чӣ зойиронро нигарон кардааст, ин аст, ки оё дар шароити ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон имкони анҷоми маросими ҳаҷи фарзӣ хоҳад буд ё хайр.Манбаъи Спутник Тоҷикистон дар Кумитаи дин мегӯяд, ҳанӯз ду моҳи қабл сабти ному интихоби зойирон ба анҷом расида, тамоми асноду мадорик такмил шудааст ва аввалин парвози ҳавопаймои зойирин ба Арабистони Саудӣ 6 майи соли равон сурат хоҳад гирифт.Ба қавли ӯ, имсол Арабистони Саудӣ омодагиҳо ба маросими ҳаҷро шаш моҳ барвақттар сар кард, то омодагии сазовор дошта бошад ва бехатарии зойиронро таъмин кунад.“Ҳадафашон эҷоди манзараи умумӣ ва барномарезии дақиқи маросим аст. Қабл аз ҳама дақиқ ва тасбит кардани шумораи зойирин ва пешгирӣ аз вуруди ҳоҷиёни ғайрирасмӣ аст, ки дар барнома ихлол эҷод накунанд”, - гуфт манбаъ.Вай афзуд, одамоне, ки сафари умра мераванду барнамегарданд ва то ҳаҷи фарзӣ меистанд, бояд тафкик шаванд.Ин омодагиҳо дар ҳолест, ки бар асари таҷовузи Амрикову Исроил ба Эрон вазъи амниятӣ дар Ховари Миёна барҳам хӯрда, сафар ба кишварҳои Халиҷи Форс номумкин шудааст. Эрон кишварҳои Халиҷи Форс, аз ҷумла Арабистони Саудиро ба хотири ин ки пойгоҳҳои низомии Амрикоро мизбонӣ мекунанд, мавриди ҳамалоти мушакӣ қарор додааст. Ҳоло парвози ҳавопаймоҳои мулкӣ ба ин кишварҳо тақрибан қатъ шудааст.Ин вазъ нигарониеро миёни зойирин ба вуҷуд овардааст, ки оё дар чунин шароит имкони сафар ба Арабистони Саудӣ вуҷуд дорад, ё хайр? Манбаъи Спутник Тоҷикистон дар Кумитаи дин мегӯяд, то ба ҳол ҳеҷ иттилое аз Арабистони Саудӣ ё мақомоти зидахли Тоҷикистон ба даст наомадааст ва ин ниҳод умедвор аст, ки то як моҳи дигар вазъ дар Ховари Миёна ба эътидол ояд.Тайи ҳазор соли ахир фақат як бор, он ҳам дар соли 2020 дар пайи пандемияи Ковид-19 сафари ҳаҷи фарзӣ ба маконҳои муқаддаси исломӣ – Макка ва Мадина – барои мусулмонони ҷаҳон, ба истиснои шаҳрвандони худи Арабистони Саудӣ, манъ шуда буд.
https://sputnik.tj/20260202/muftii-tojikiston-haji-umra-savob-dorad-haj-nest-1074967512.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/06/1076652303_0:0:2730:2048_1920x0_80_0_0_1b25f1c2b0d48fae6291318c2228ea5d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, дин ва оин, кумитаи дин, ҳаҷ, ислом
дар тоҷикистон, дин ва оин, кумитаи дин, ҳаҷ, ислом
“Ҳама омода, аммо оё ҳаҷ мешавад?” – шарҳи Кумита
Эксклюзив
Мақомот иддао дорад, ки аввалин парвози ҳавопаймои зойирин ба Арабистони Саудӣ 6 майи соли равон сурат хоҳад гирифт
ДУШАНБЕ, 7 апр – Sputnik. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон таърихи аввалин сафари зойирони тоҷикро мушаххас кард.
Аммо он чӣ зойиронро нигарон кардааст, ин аст, ки оё дар шароити ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон имкони анҷоми маросими ҳаҷи фарзӣ хоҳад буд ё хайр.
Манбаъи Спутник Тоҷикистон дар Кумитаи дин мегӯяд, ҳанӯз ду моҳи қабл сабти ному интихоби зойирон ба анҷом расида, тамоми асноду мадорик такмил шудааст ва аввалин парвози ҳавопаймои зойирин ба Арабистони Саудӣ 6 майи соли равон сурат хоҳад гирифт.
“Зойирин маблағҳояшонро супорида, визаву дигар аснодашонро гирифтаанд ва омодаи парвоз ҳастанд”, - гуфт манбаъ.
Ба қавли ӯ, имсол Арабистони Саудӣ омодагиҳо ба маросими ҳаҷро шаш моҳ барвақттар сар кард, то омодагии сазовор дошта бошад ва бехатарии зойиронро таъмин кунад.
“Ҳадафашон эҷоди манзараи умумӣ ва барномарезии дақиқи маросим аст. Қабл аз ҳама дақиқ ва тасбит кардани шумораи зойирин ва пешгирӣ аз вуруди ҳоҷиёни ғайрирасмӣ аст, ки дар барнома ихлол эҷод накунанд”, - гуфт манбаъ.
Вай афзуд, одамоне, ки сафари умра мераванду барнамегарданд ва то ҳаҷи фарзӣ меистанд, бояд тафкик шаванд.
“Ба ҳоҷиёни расмӣ бейҷикҳои махсус медиҳанд, Зойирин бидуни ҳамин бейҷик як қадам ҳам зада наметавонанд, зеро бидуни он онҳоро пулис боздошт мекунад. Чунин бейҷикҳоро ҳоҷиёни ғайрирасмӣ надоранд”, - гуфт ӯ.
Ин омодагиҳо дар ҳолест, ки бар асари таҷовузи Амрикову Исроил ба Эрон вазъи амниятӣ дар Ховари Миёна барҳам хӯрда, сафар ба кишварҳои Халиҷи Форс номумкин шудааст. Эрон кишварҳои Халиҷи Форс, аз ҷумла Арабистони Саудиро ба хотири ин ки пойгоҳҳои низомии Амрикоро мизбонӣ мекунанд, мавриди ҳамалоти мушакӣ қарор додааст. Ҳоло парвози ҳавопаймоҳои мулкӣ ба ин кишварҳо тақрибан қатъ шудааст.
Ин вазъ нигарониеро миёни зойирин ба вуҷуд овардааст, ки оё дар чунин шароит имкони сафар ба Арабистони Саудӣ вуҷуд дорад, ё хайр? Манбаъи Спутник Тоҷикистон дар Кумитаи дин мегӯяд, то ба ҳол ҳеҷ иттилое аз Арабистони Саудӣ ё мақомоти зидахли Тоҷикистон ба даст наомадааст ва ин ниҳод умедвор аст, ки то як моҳи дигар вазъ дар Ховари Миёна ба эътидол ояд.
Тайи ҳазор соли ахир фақат як бор, он ҳам дар соли 2020 дар пайи пандемияи Ковид-19 сафари ҳаҷи фарзӣ ба маконҳои муқаддаси исломӣ – Макка ва Мадина – барои мусулмонони ҷаҳон, ба истиснои шаҳрвандони худи Арабистони Саудӣ, манъ шуда буд.