https://sputnik.tj/20260508/rahmon-ba-chin-meravad-1077385504.html
Раҳмон ба Чин меравад
Раҳмон ба Чин меравад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон баъд аз таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Чин сафари давлатӣ анҷом медиҳад
2026-05-08T14:41+0500
2026-05-08T14:41+0500
2026-05-08T15:44+0500
дар тоҷикистон
раҳмон
си ҷинпин
чин
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102323/32/1023233234_0:68:4000:2318_1920x0_80_0_0_42ecc1da3c649a23ff16d14ebb6b9635.jpg
ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин ахиран эълон кард, ки бо даъвати раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 11 то 14 май сафари давлатӣ ба Чин анҷом медиҳад.Дар ин бора ожонсии итттилотии Синхуа хабар додааст.Ёдовар мешавем, ки дар таърихи муносибатҳои дуҷониба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва корӣ (солҳои 1993, 1996, 1999, 2001, 2003, 2007, 2012, 2013, 2014, 2015, 2017, 2018, 2019 ва 2023) ба Чин анҷом додааст.Роҳбарони Ҷумҳурии Мардумии Чин низ бо сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва корӣ (солҳои 2000, 2008, 2014, 2019 ва 2024) ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.Дар ҷараёни ин сафарҳо санадҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидаанд. Аввалин сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин моҳи марти соли 1993 сурат гирифт, ки дар рафти он ба ҳамкориҳои дуҷониба заминаҳо гузошта шудаанд.Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон миёни ду кишвар зиёда аз 250 санади дуҷониба ба имзо расидааст.
https://sputnik.tj/20260215/rahmon-jinpin-sol-navi-chini-tabrik-1075302228.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102323/32/1023233234_222:0:3778:2667_1920x0_80_0_0_c8962eb1936b4e00d972811a7bb6be40.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, раҳмон, си ҷинпин, чин, сиёсат
дар тоҷикистон, раҳмон, си ҷинпин, чин, сиёсат
Раҳмон ба Чин меравад
14:41 08.05.2026 (Навсозишуда: 15:44 08.05.2026) Президенти Тоҷикистон баъд аз таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Чин сафари давлатӣ анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин ахиран эълон кард, ки бо даъвати раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 11 то 14 май сафари давлатӣ ба Чин анҷом медиҳад.
Дар ин бора ожонсии итттилотии Синхуа хабар додааст.
Ёдовар мешавем, ки дар таърихи муносибатҳои дуҷониба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва корӣ (солҳои 1993, 1996, 1999, 2001, 2003, 2007, 2012, 2013, 2014, 2015, 2017, 2018, 2019 ва 2023) ба Чин анҷом додааст.
Роҳбарони Ҷумҳурии Мардумии Чин низ бо сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва корӣ (солҳои 2000, 2008, 2014, 2019 ва 2024) ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Дар ҷараёни ин сафарҳо санадҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидаанд. Аввалин сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин моҳи марти соли 1993 сурат гирифт, ки дар рафти он ба ҳамкориҳои дуҷониба заминаҳо гузошта шудаанд.
Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон миёни ду кишвар зиёда аз 250 санади дуҷониба ба имзо расидааст.