https://sputnik.tj/20260215/rahmon-jinpin-sol-navi-chini-tabrik-1075302228.html
Раҳмон Ҷинпинро бо Соли нави Чинӣ табрик кард
Раҳмон Ҷинпинро бо Соли нави Чинӣ табрик кард
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Тоҷикистон изҳори итминон кардааст, ки дар ҷараёни музокироту тамосҳои сатҳи олии дарпешистодаи робитаҳо ғанитар мешавад
2026-02-15T18:15+0500
2026-02-15T18:15+0500
2026-02-15T18:34+0500
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/02/1070792344_0:48:2047:1199_1920x0_80_0_0_f479885cd486a56c22d0379b5126afab.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои чинияш Си Ҷинпинро ба муносибати Соли нави суннатии Чин бо тақвими қамарӣ – Иди бостонии Баҳор табрик кард.Президенти Тоҷикистон ба раҳбари Чин сиҳатмандии бардавом, нерӯи устувор ва комёбиҳои нав ва ба мардуми дӯсти Чини бузург сулҳу амонӣ ва пешрафти пойдорро таманно кардааст.Раҳмон дар номааш гуфтааст, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин то имрӯз дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт ба комёбиҳои беназир ноил гардида, Тоҷикистон аз ин дастовардҳои ҳамсояи наздик ва боэътимоди худ хушҳол аст.“Он ҳам боиси фараҳмандист, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар қолаби шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ҷараёни баланди рушдро касб кардаанд. Ҳамзамон бо ин, кишварҳои мо дар чорчӯби сохторҳои байналмилаливу минтақавии бисёрҷониба дар ҳамоҳангии зич ҳамкорӣ доранд”,- таъкид шудааст дар номаи раисҷумҳур.Кишвардори Тоҷикистон изҳори итминон кардааст, ки дар ҷараёни музокироту тамосҳои сатҳи олии дарпешистодаи соли равон робитаҳои байнидавлатии ду кишварро бо муҳтавои нави амалӣ боз ҳам ғанӣ хоҳем гардонид.
https://sputnik.tj/20260214/soli-navi-qamari-jashni-bahor-chin-aks-1075254714.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/02/1070792344_42:0:1915:1405_1920x0_80_0_0_b107767c3fca9d278e06606e1fbf2c22.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон
Раҳмон Ҷинпинро бо Соли нави Чинӣ табрик кард
18:15 15.02.2026 (Навсозишуда: 18:34 15.02.2026) Кишвардори Тоҷикистон изҳори итминон кардааст, ки дар ҷараёни музокироту тамосҳои сатҳи олии дарпешистодаи робитаҳо ғанитар мешавад
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои чинияш Си Ҷинпинро ба муносибати Соли нави суннатии Чин бо тақвими қамарӣ – Иди бостонии Баҳор табрик кард.
Президенти Тоҷикистон ба раҳбари Чин сиҳатмандии бардавом, нерӯи устувор ва комёбиҳои нав ва ба мардуми дӯсти Чини бузург сулҳу амонӣ ва пешрафти пойдорро таманно кардааст.
Раҳмон дар номааш гуфтааст, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин то имрӯз дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт ба комёбиҳои беназир ноил гардида, Тоҷикистон аз ин дастовардҳои ҳамсояи наздик ва боэътимоди худ хушҳол аст.
“Он ҳам боиси фараҳмандист, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар қолаби шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ҷараёни баланди рушдро касб кардаанд. Ҳамзамон бо ин, кишварҳои мо дар чорчӯби сохторҳои байналмилаливу минтақавии бисёрҷониба дар ҳамоҳангии зич ҳамкорӣ доранд”,- таъкид шудааст дар номаи раисҷумҳур.
Кишвардори Тоҷикистон изҳори итминон кардааст, ки дар ҷараёни музокироту тамосҳои сатҳи олии дарпешистодаи соли равон робитаҳои байнидавлатии ду кишварро бо муҳтавои нави амалӣ боз ҳам ғанӣ хоҳем гардонид.