Эҳтиром ба куҳансарбоз: Низомиёни Русия дар Тоҷикистон собиқадори ҷангро табрик карданд

© Foto / Пресс-служба 201-й РВБВоеннослужащие 201-й военной базы поздравили ветерана Великой Отечественной войны Сафарали Файзалиева.
Военнослужащие 201-й военной базы поздравили ветерана Великой Отечественной войны Сафарали Файзалиева. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2026
Обуна шудан
Сарбозони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аз собиқадори ҷанг барои шуҷоат ва қаҳрамонии ӯ дар давраи ҷанг изҳори сипос карда, ба ӯ саломатӣ ва умри дароз орзу намуданд
ДУШАНБЕ, 7 мая - Sputnik. Сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар арафаи Рӯзи Ғалаба аз собиқадори Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ Сафаралӣ Файзалиев дидан карданд.
Ин собиқадори ҷанг дар як деҳаи дурдасти вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад.
Ба муносибати 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба, ба собиқадори ҷанг паёми табрикотии фармондеҳии воҳиди Русия, бастаҳои хӯрокворӣ ва тӯҳфаҳо тақдим карда шуданд.
Низомиёни Русия аз собиқадори ҷанг барои шуҷоат ва қаҳрамонии ӯ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ изҳори сипос карда, ба ӯ саломатӣ ва умри дароз орзу карданд.
Қобили зикр аст, ки Файзалиев куҳансолтарин собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон аст ва ӯ 103-умин солгарди худро дар Рӯзи Ғалаба ҷашн мегирад.
Ин собиқадори ҷанг бо хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои Артиши Ҷавон дар бораи фаъолияти низомии худ ва мушкилоти дар давраи ҷанг ва баъд аз ҷанг кашидааш сӯҳбат кард.
Сафаралӣ Файзалиев 9 майи соли 1923 таваллуд шудааст. Дар синни 18-солагӣ, ӯ дар полки 229-уми Артиши Сурх, ки қисми Фронти Украина буд, хизматро оғоз кард.
Заглушка к инфографике - Память о Великой Отечественной войне в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2026
Хотирае аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон
Вай дар амалиётҳои ҷангӣ дар ҷангҳои Курск, Воронеж, Киев ва дигар шаҳрҳо иштирок кардааст. Барои хидматҳои ҷангиаш бо ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи 2 мукофотонида шудааст.
Аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор аз шаҳрвандон ба ҷанг сафарбар карда шуданд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 92 ҳазор нафар тоҷикистонӣ ба ҳалокат расиданд.
Мавриди ёдоварист, ки 68 нафар аз иштирокчиёни ҷанг аз Тоҷикистон сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гашта, 21 нафарашон дорандаи ҷоизаи се дараҷаи ордени “Шараф”, ҳамагӣ зиёда аз 90 ҳазор нафар бо ифтихорномаҳои сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ордену медалҳо сарфароз гардонида шудаанд.
Аз шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон 49973 нафарашон ба баталонҳои коргарии сохтмонӣ ва ақибгоҳ сафарбар карда шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0