https://sputnik.tj/20260507/dushanbe-ghalabai-buzurg-namoishgoh-1077367466.html
Дар Душанбе бахшида ба Ғалабаи Бузург намоишгоҳ кушода шуд: Видео
Дар Душанбе бахшида ба Ғалабаи Бузург намоишгоҳ кушода шуд: Видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ғалабаи Бузург намоишгоҳе ифтитоҳ ёфт, то 15 май идома меёбад
2026-05-07T17:53+0500
2026-05-07T17:53+0500
2026-05-07T17:53+0500
видео
81-солгарди ғалаба дар ҷанги бузурги ватанӣ
осорхонаи миллии тоҷикистон
намоишгоҳ
рӯзи ғалаба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/07/1077367253_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_7da54479c9c521b0f171f3e3f97ce959.jpg
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои муаррифии шоистаи қаҳрамониҳоиТоҷикистон, намоиши бошукӯҳ таҳти унвони "Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст" ифтитоҳ шуд.Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар чорабинӣ, ки ба ҷашни 81-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудааст, иштирок кард.Дар намоишгоҳ аз фонди Осорхонаи миллӣ экспонатҳои нодир, аз қабили мусаввараву нимпайкараҳо, ҳуҷҷату аксҳои таърихӣ, лавозимоти ҷангӣ ва ордену медалҳо пешниҳод шудаанд.Ин нигораҳо аз диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ қисса мекунанд.Қаҳрамони 65-уми фаромӯшшудаи ИҶШС Борис Шмелев ва корнамоии ӯДар гӯшаи махсуси намоишгоҳ намунаи аризаҳои ихтиёриёни ҷанг ва мактубҳои аз майдони ҷанг сарбозони тоҷик ба хонаводаҳои худ ирсол намудаанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.Инчунин, лавозимоти ҷангии қаҳрамонони тоҷик, аз қабили, сумкаи саҳроии, миёнбанд, Дурбини иштирокчии ҷанг, обдон ба намоиш гузошта шудаанд, ки лаҳзаҳои набардро пеши назари тамошобин ҷилвагар месозанд.Ҳамчунин дар намоишгоҳ мусаввараҳои рассомони барҷаста, ки ба мавзуи ҷанг бахшида шудаанд, ба намоиш гузошта шудаанд.Хотирае аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ТоҷикистонДар маросими ифтитоҳи намоиш собиқадорони ҷангу меҳнат, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, инчунин афсарону сарбозони Вазорати дифоъ, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар иштирок намуданд.Намоиши "Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст" то 15-уми майи соли равон идома меёбад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/07/1077367253_35:0:995:720_1920x0_80_0_0_a20e921c379a3902da56bbd35ed0617a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, 81-солгарди ғалаба дар ҷанги бузурги ватанӣ, осорхонаи миллии тоҷикистон, намоишгоҳ, рӯзи ғалаба, видео
видео, 81-солгарди ғалаба дар ҷанги бузурги ватанӣ, осорхонаи миллии тоҷикистон, намоишгоҳ, рӯзи ғалаба, видео
Дар Душанбе бахшида ба Ғалабаи Бузург намоишгоҳ кушода шуд: Видео
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ғалабаи Бузург намоишгоҳе ифтитоҳ ёфт, то 15 май идома меёбад
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои муаррифии шоистаи қаҳрамониҳоиТоҷикистон, намоиши бошукӯҳ таҳти унвони "Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст" ифтитоҳ шуд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар чорабинӣ, ки ба ҷашни 81-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудааст, иштирок кард.
Дар намоишгоҳ аз фонди Осорхонаи миллӣ экспонатҳои нодир, аз қабили мусаввараву нимпайкараҳо, ҳуҷҷату аксҳои таърихӣ, лавозимоти ҷангӣ ва ордену медалҳо пешниҳод шудаанд.
Ин нигораҳо аз диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ қисса мекунанд.
Дар гӯшаи махсуси намоишгоҳ намунаи аризаҳои ихтиёриёни ҷанг ва мактубҳои аз майдони ҷанг сарбозони тоҷик ба хонаводаҳои худ ирсол намудаанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Инчунин, лавозимоти ҷангии қаҳрамонони тоҷик, аз қабили, сумкаи саҳроии, миёнбанд, Дурбини иштирокчии ҷанг, обдон ба намоиш гузошта шудаанд, ки лаҳзаҳои набардро пеши назари тамошобин ҷилвагар месозанд.
Ҳамчунин дар намоишгоҳ мусаввараҳои рассомони барҷаста, ки ба мавзуи ҷанг бахшида шудаанд, ба намоиш гузошта шудаанд.
Дар маросими ифтитоҳи намоиш собиқадорони ҷангу меҳнат, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, инчунин афсарону сарбозони Вазорати дифоъ, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар иштирок намуданд.
Намоиши "Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст" то 15-уми майи соли равон идома меёбад.