Тоҷикистон барои маблағгузории сохтмони метрои Душанбе бо бонки Корея гуфтугӯ дорад

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкСтроительство метро. Иллюстративное фото
Строительство метро. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2026
Обуна шудан
Масъулини вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо бо роҳбарияти Эксимбонки Корея масъалаи сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиётро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 6 мая - Sputnik. Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали вазири нақлиёт Неъматзода Фаррух имкони маблағгузории лоиҳаи сохтмони метро дар шаҳри Душанберо бо роҳбарияти Бонки содиротию воридотии Эксимбонки Корея баррасӣ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон вохӯрии мазкур дар доираи сафари кории ҳайати Тоҷикистон дар шаҳри Сеул баргузор гардид.
Қайд карда шудааст, ки дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории молиявӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиётро мавриди баррасӣ қарор доданд.
“Таваҷҷуҳи асосӣ ба имкониятҳои маблағгузории лоиҳаи сохтмони метро дар шаҳри Душанбе равона гардид, ки яке аз тарҳҳои калидӣ барои рушди инфрасохтори шаҳр ба ҳисоб меравад”, - хабар додааст вазорат.
© SputnikНақшаи дурнамои хатсайрҳои зеризаминии метрои Душанбе
Нақшаи дурнамои хатсайрҳои зеризаминии метрои Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2026
Нақшаи дурнамои хатсайрҳои зеризаминии метрои Душанбе
Гуфта шудааст, ки ҳамзамон, тарафҳо дигар лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаи нақлиёт, аз ҷумла рушди шабакаҳои роҳу нақлиёт, беҳтарсозии логистика ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосирро баррасӣ намуданд.
“Зимни мулоқот аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди устувори соҳаи нақлиёт таъкид гардид”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҷонибҳо зимни мулоқот омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор намуданд.
Визуализация проекта метро в Душанбе. Сгенерировано ИИ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2025
Имзои ду санад миёни Тоҷикистону Корея дар бораи сохтмони метро дар Душанбе
Ёдовар мешавем, ки вазорати нақлиёти Тоҷикистон тарҳи метрои Душанберо ошкор кард, аммо масъалаи бунёди метро дар ҳоли ҳозир дар марҳилаи баррасӣ аст.
Метрои Душанбе тахминан аз се хат иборат хоҳад буд, ки аз минтақаи Сирк тӯл мекашад.
Ба гуфтаи вазири нақлиёт Ба гуфтаи вазир, дар марҳилаи аввал нақшаи сохтмони се хатти метро мавҷуд аст – аз Сирки давлатӣ то дарвозаҳои ҷанубӣ, шимолӣ ва шарқии пойтахт.
Кадом истгоҳҳо метавонанд дар метрои Тоҷикистон сохта шаванд - ба тасвирбаёни мо нигаред.
Тавре азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, дар бораи оғози сохтмони метро дар Душанбе сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст.
Дар ҳамин ҳол, ӯ хабар дод, ки Моҳи март-апрели имсол корҳои имконсанҷии фанниву иқтисодӣ тамом мешавад.
Лентаи хабарҳо
0