https://sputnik.tj/20260506/ima-taslim-gharb-ukraina-1077329900.html
"Онҳо дар ҳайратанд" Дар ИМА аз таслим шудани Ғарб дар Украина мегӯянд
"Онҳо дар ҳайратанд" Дар ИМА аз таслим шудани Ғарб дар Украина мегӯянд
Sputnik Тоҷикистон
Таҳлилгари низомии амрикоӣ мегӯяд, ки Аврупоиён бояд аз низоъ дар Украина даст кашанд
2026-05-06T14:49+0500
2026-05-06T14:49+0500
2026-05-06T14:49+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
има
аврупо
низоъ
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/05/1077299640_0:71:3071:1799_1920x0_80_0_0_650b267e7f41b90ff0c6bcb4dc9ee979.jpg
ДУШАНБЕ, 6 мая - Sputnik. Азбаски ИМА аз дастгирии Иттиҳодияи Аврупо саркашӣ мекунад, аврупоиҳо бояд аз низоъ дар Украина даст кашанд, гуфт таҳлилгари низомӣ ва афсари мустаъфии ИМА Скотт Риттер дар шабакаи YouTube."Аврупоиҳо нигарон ҳастанд, онҳо дар ҳайратанд. ИМА возеҳ мегӯяд, ки аз онҳо дифоъ намекунад. Акнун Аврупо бояд худро дур кунад ва бигӯяд: "Не, мо набояд дар ин низоъ дахолат кунем", - қайд кард ӯ.Таҳлилгар таъкид кард, ки нерӯҳои Русия айни замон ба артиши Украина зарари назаррас мерасонанд."Агар шумо ба он чизе, ки дар майдони ҷанг рӯй медиҳад, диққат диҳед, хоҳед дид, ки Русия қасд дорад дар ҷанг пирӯз шавад, ки дар он талафоти худро кам мекунад ва ҳамзамон талафоти душманро ба ҳадди аксар мерасонад. Ин асоснок аст", - шарҳ дод коршинос.Ба гуфтаи Вазорати дифоъ, дар тӯли 24 соати охир, Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия бо истифода аз силоҳҳои дақиқ дурпарвоз ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба иншооти дифоӣ-саноатӣ ва сӯзишворӣ-энергетикии Украина, ҳамлаҳои гурӯҳӣ анҷом доданд. Талафоти низомиёни Украина дар 24 соати охир бештар аз 1210 нафар аст.
https://sputnik.tj/20260506/vukh-rusiya-muzokiroti-ukraina-omoda-1077326198.html
украина
има
аврупо
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/05/1077299640_205:0:2934:2047_1920x0_80_0_0_ba0a242f6960450cd4c933eab59ab5b7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, има, аврупо, низоъ, русия
украина, амалиёти вижа, има, аврупо, низоъ, русия
"Онҳо дар ҳайратанд" Дар ИМА аз таслим шудани Ғарб дар Украина мегӯянд
Таҳлилгари низомии амрикоӣ мегӯяд, ки Аврупоиён бояд аз низоъ дар Украина даст кашанд
ДУШАНБЕ, 6 мая - Sputnik. Азбаски ИМА аз дастгирии Иттиҳодияи Аврупо саркашӣ мекунад, аврупоиҳо бояд аз низоъ дар Украина даст кашанд, гуфт таҳлилгари низомӣ ва афсари мустаъфии ИМА Скотт Риттер дар шабакаи YouTube.
"Аврупоиҳо нигарон ҳастанд, онҳо дар ҳайратанд. ИМА возеҳ мегӯяд, ки аз онҳо дифоъ намекунад. Акнун Аврупо бояд худро дур кунад ва бигӯяд: "Не, мо набояд дар ин низоъ дахолат кунем", - қайд кард ӯ.
Таҳлилгар таъкид кард, ки нерӯҳои Русия айни замон ба артиши Украина зарари назаррас мерасонанд.
"Агар шумо ба он чизе, ки дар майдони ҷанг рӯй медиҳад, диққат диҳед, хоҳед дид, ки Русия қасд дорад дар ҷанг пирӯз шавад, ки дар он талафоти худро кам мекунад ва ҳамзамон талафоти душманро ба ҳадди аксар мерасонад. Ин асоснок аст", - шарҳ дод коршинос.
Ба гуфтаи Вазорати дифоъ, дар тӯли 24 соати охир, Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия бо истифода аз силоҳҳои дақиқ дурпарвоз ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба иншооти дифоӣ-саноатӣ ва сӯзишворӣ-энергетикии Украина, ҳамлаҳои гурӯҳӣ анҷом доданд. Талафоти низомиёни Украина дар 24 соати охир бештар аз 1210 нафар аст.