https://sputnik.tj/20260505/ruzi-ghalaba-nazist-tojikiston-jangi-buzurgi-vatani-darguzasht-1077298310.html
То Рӯзи Ғалаба назист: Дар Тоҷикистон боз як куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ даргузашт
То Рӯзи Ғалаба назист: Дар Тоҷикистон боз як куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ даргузашт
Sputnik Тоҷикистон
Як иштирокчии дигари Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар синни 99 -солагӣ даргузашт
2026-05-05T13:57+0500
2026-05-05T13:57+0500
2026-05-05T13:57+0500
дар тоҷикистон
81-солгарди ғалаба дар ҷанги бузурги ватанӣ
куҳансарбоз
ҷанги дуюми ҷаҳонӣ
хатлон
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/03/1066424735_0:85:1620:996_1920x0_80_0_0_6cfd0be0b13c029d96bab69e9bd8e270.jpg
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Хуросон, Мирзо Ғафуров, ки бояд 20-уми майи соли равон садсола мешуд, даргузашт, иттилоъ доданд ба Sputnik Тоҷикистон аз Шӯрои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ.Мирзо Ғафуров, ширкаткунандаи Ҷанги бузурги ватанӣ (ҶБВ) аз ноҳияи Хуросон нисфирӯзии 2-юми май дар 99–солагӣ даргузаштааст.Ба иттилои манбаъ, сабаби марги ӯ беморӣ гуфта мешавад.Мирзо Ғафуров 20.05.1926 ноҳияи Хуросон, шаҳраки Обикиик таваллуд шудааст. Вай соли 1944 ба ҷанг даъват шуда, "дар озодкунии кишварҳои Румонӣ (Руминия), Булғористон ва Олмон ширкат кардаааст”.Куҳансарбоз Мирзо Ғафуров, соли 1950 ба Ватан баргаштааст.Ғафуров як муддат раиси Шӯрои собиқадори ҷангу меҳнат дар ноҳияи Хуросон ҳам кор кардааст.Дар Тоҷикистон ба ҳолати имрӯза 8 собиқадори ҶБВ боқӣ мондааст. Онҳо дар куҷо зиндагӣ мекунанд, дар ин маводи мо бинед.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш хабар расид, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар 8 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон, ки феълан дар қайди ҳаётанд, 50 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ хоҳад дод.Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки Президент фармони кумакпулӣ ба куҳансарбозонро имзо кард ва акнун ҳар яки онҳо то 9 май ин миқдор маблағро хоҳанд гирифт.Бояд гуфт, ҳар сол дар арафаи иди Ғалаба бо фармони президенти Тоҷикистон ва роҳбарони шаҳру вилоятҳо, куҳансарбозон бо мукофотпулиҳо ва дигар кумакҳо қадрдонӣ мешаванд.
https://sputnik.tj/20260505/hajmi-kumakpuli-rahmon-kuhansarboz-jangi-buzurgi-vatani-1077293371.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/03/1066424735_90:0:1530:1080_1920x0_80_0_0_4b9ff3970ddb0493b9845128036965bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, 81-солгарди ғалаба дар ҷанги бузурги ватанӣ, куҳансарбоз, ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, хатлон, даргузашт
дар тоҷикистон, 81-солгарди ғалаба дар ҷанги бузурги ватанӣ, куҳансарбоз, ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, хатлон, даргузашт
То Рӯзи Ғалаба назист: Дар Тоҷикистон боз як куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ даргузашт
Як иштирокчии дигари Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар синни 99 -солагӣ даргузашт
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Хуросон, Мирзо Ғафуров, ки бояд 20-уми майи соли равон садсола мешуд, даргузашт, иттилоъ доданд ба Sputnik Тоҷикистон аз Шӯрои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ.
Мирзо Ғафуров, ширкаткунандаи Ҷанги бузурги ватанӣ (ҶБВ) аз ноҳияи Хуросон нисфирӯзии 2-юми май дар 99–солагӣ даргузаштааст.
Ба иттилои манбаъ, сабаби марги ӯ беморӣ гуфта мешавад.
Мирзо Ғафуров 20.05.1926 ноҳияи Хуросон, шаҳраки Обикиик таваллуд шудааст. Вай соли 1944 ба ҷанг даъват шуда, "дар озодкунии кишварҳои Румонӣ (Руминия), Булғористон ва Олмон ширкат кардаааст”.
Куҳансарбоз Мирзо Ғафуров, соли 1950 ба Ватан баргаштааст.
Ғафуров як муддат раиси Шӯрои собиқадори ҷангу меҳнат дар ноҳияи Хуросон ҳам кор кардааст.
Дар Тоҷикистон ба ҳолати имрӯза 8 собиқадори ҶБВ боқӣ мондааст. Онҳо дар куҷо зиндагӣ мекунанд, дар ин маводи мо бинед.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш хабар расид, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар 8 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон, ки феълан дар қайди ҳаётанд, 50 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ хоҳад дод.
Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки Президент фармони кумакпулӣ ба куҳансарбозонро имзо кард ва акнун ҳар яки онҳо то 9 май ин миқдор маблағро хоҳанд гирифт.
Бояд гуфт, ҳар сол дар арафаи иди Ғалаба бо фармони президенти Тоҷикистон ва роҳбарони шаҳру вилоятҳо, куҳансарбозон бо мукофотпулиҳо ва дигар кумакҳо қадрдонӣ мешаванд.