https://sputnik.tj/20260504/kushtavu-manzil-osebdida-khf-kharobkori-sel-ruzho-istirohat-1077273134.html
Як куштаву даҳҳо манзили осебдида: КҲФ аз харобкориҳои сел дар рӯзҳои истироҳатӣ гуфт
Як куштаву даҳҳо манзили осебдида: КҲФ аз харобкориҳои сел дар рӯзҳои истироҳатӣ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Давоми рӯзҳои истироҳатӣ қариб дар аксар манотиқи кишвар ҳодисаҳои фавқулода сабт шудааст, ки дар пайи қурбонӣ низ доштааст
2026-05-04T12:37+0500
2026-05-04T12:37+0500
2026-05-04T12:37+0500
дар тоҷикистон
селфароӣ
борон
кҳф
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/1e/1066053038_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_e313bac864adb4cbf55ed4fa86609cdd.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мая – Sputnik. Раъду барқ дар Тоҷикистон як нафарро кушта, ду нафарро маҷруҳ кард. Фоҷиа шоми 3 май, дар деҳаи Кадучӣ дар шаҳри Турсунзода рух дод, иттилоъ дод КҲФ Тоҷикистон. Маҷруҳон дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ шудаанд, афзуд манбаъ.Тибқи гузориши ин ниҳод, ҳамзамон дар ин рӯз дар натиҷаи боришоти шадиди борон дар як қатор минтақаҳои кишвар ҳолатҳои фавқулода ба қайд гирифта шуданд.Ҳамин тариқ тахминан соати 17:00, дар деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон сел фарома, ба 14 замини наздиҳавлигӣ, иншоотҳои ёрирасон ва 3 манзили истиқоматӣ обу лойқа ворид гардида, зарар расонидДар деҳаи Оби Мукӣ 3 манзили истиқоматӣ ва дар деҳаи Даштобод 6 манзили истиқоматӣ зарар диданд.Дар деҳаҳои Пахтакор, Зафаробод, Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ канали шохоби рости магистралӣ аз лойқа ва сангу шағал пур шуда, об ба кӯчаҳо ворид гардида, ҳоло комиссияҳои дахлдор барои бартарафсозии оқибатҳои офат ва муайян намудани ҳаҷми зарар фаъолият доранд.Сели нисфирӯзӣ дар ноҳияи Деваштич бошад, ба роҳҳо, кӯчаҳо, заминҳои наздиҳавлигӣ ва иншоотҳо обу лойқа ворид гардида, ба 4 манзили истиқоматӣ зарар расонидааст.Дар шаҳри Панҷакент бошад, сел дар деҳаҳои Ғусар ва Навобод ба заминҳои кишоварзӣ, роҳҳо ва иншоотҳо зарар расонида, шоҳроҳи Айнӣ–Панҷакент қисман осеб дидааст.Дар навоҳии Ашту Спитамен низ сезфароӣ сабт шуда, он ба роҳҳо ва таҳхонаҳо ворид гардид, инчунин ба заминҳои кишоварзӣ зарар расонидааст.Дар ноҳияи Варзоб бошад, сел ба як қатор манзилҳои истиқоматӣ роҳҳо, гузаргоҳҳо ва таҳхонаҳо ворид шуд, ки оқибатҳояш бартараф карда шуданд.КҲФ таъкид кардааст, ки корҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ идома дошта, комиссияҳои дахлдор муайян намудани ҳаҷми зарарро анҷом медиҳанд.
https://sputnik.tj/20260504/vazorat-barqrasoni-manotiq-selzada-kulob-tamin-1077269704.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/1e/1066053038_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_a0c630d930190304a8ccc75f0ac77cfe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, селфароӣ, борон, кҳф, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон, селфароӣ, борон, кҳф, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Як куштаву даҳҳо манзили осебдида: КҲФ аз харобкориҳои сел дар рӯзҳои истироҳатӣ гуфт
Давоми рӯзҳои истироҳатӣ қариб дар аксар манотиқи кишвар ҳодисаҳои фавқулода сабт шудааст, ки дар пайи қурбонӣ низ доштааст
ДУШАНБЕ, 4 мая – Sputnik. Раъду барқ дар Тоҷикистон як нафарро кушта, ду нафарро маҷруҳ кард.
Фоҷиа шоми 3 май, дар деҳаи Кадучӣ дар шаҳри Турсунзода рух дод, иттилоъ дод КҲФ Тоҷикистон.
Маҷруҳон дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ шудаанд, афзуд манбаъ.
Тибқи гузориши ин ниҳод, ҳамзамон дар ин рӯз дар натиҷаи боришоти шадиди борон дар як қатор минтақаҳои кишвар ҳолатҳои фавқулода ба қайд гирифта шуданд.
Ҳамин тариқ тахминан соати 17:00, дар деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон сел фарома, ба 14 замини наздиҳавлигӣ, иншоотҳои ёрирасон ва 3 манзили истиқоматӣ обу лойқа ворид гардида, зарар расонид
Дар деҳаи Оби Мукӣ 3 манзили истиқоматӣ ва дар деҳаи Даштобод 6 манзили истиқоматӣ зарар диданд.
Дар деҳаҳои Пахтакор, Зафаробод, Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ канали шохоби рости магистралӣ аз лойқа ва сангу шағал пур шуда, об ба кӯчаҳо ворид гардида, ҳоло комиссияҳои дахлдор барои бартарафсозии оқибатҳои офат ва муайян намудани ҳаҷми зарар фаъолият доранд.
Сели нисфирӯзӣ дар ноҳияи Деваштич бошад, ба роҳҳо, кӯчаҳо, заминҳои наздиҳавлигӣ ва иншоотҳо обу лойқа ворид гардида, ба 4 манзили истиқоматӣ зарар расонидааст.
Дар шаҳри Панҷакент бошад, сел дар деҳаҳои Ғусар ва Навобод ба заминҳои кишоварзӣ, роҳҳо ва иншоотҳо зарар расонида, шоҳроҳи Айнӣ–Панҷакент қисман осеб дидааст.
Дар навоҳии Ашту Спитамен низ сезфароӣ сабт шуда, он ба роҳҳо ва таҳхонаҳо ворид гардид, инчунин ба заминҳои кишоварзӣ зарар расонидааст.
Дар ноҳияи Варзоб бошад, сел ба як қатор манзилҳои истиқоматӣ роҳҳо, гузаргоҳҳо ва таҳхонаҳо ворид шуд, ки оқибатҳояш бартараф карда шуданд.
КҲФ таъкид кардааст, ки корҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ идома дошта, комиссияҳои дахлдор муайян намудани ҳаҷми зарарро анҷом медиҳанд.