https://sputnik.tj/20260504/vazorat-barqrasoni-manotiq-selzada-kulob-tamin-1077269704.html
Вазорат: Барқрасонӣ дар манотиқи селзадаи шаҳри Кӯлоб пурра таъмин шуд
Вазорат: Барқрасонӣ дар манотиқи селзадаи шаҳри Кӯлоб пурра таъмин шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сел дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ба инфрасохтори энергетикӣ, аз ҷумла хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои шиддати паст низ зарар расонда буд
2026-05-04T10:34+0500
2026-05-04T10:34+0500
2026-05-04T10:34+0500
дар тоҷикистон
кӯлоб
селфароӣ
офати табиӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
барқрасонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102097/65/1020976589_0:126:3197:1924_1920x0_80_0_0_24f08b4bf6de71c18626981b51cb83fa.jpg
ДУШАНБЕ, 3 мая – Sputnik. Барқрасонӣ дар манотиқи аз офати табии зарардидаи шаҳри Кӯлоб пурра таъмин карда шуд.Ба гузориши Вазорати энергетика ва захоири оби ҷумҳурӣ, дар натиҷаи офати табиӣ, ки шаби 1-уми май дар шаҳри Кӯлоб ба вуқӯъ пайваст, дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ба инфрасохтори энергетикӣ, аз ҷумла хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои шиддати паст низ зарар расонд.Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои президенти, ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, сохторҳои энергетикии минтақаи Кӯлоб фавран ба корҳои барқарорсозӣ сафарбар карда шуданд, афзуд манбаъ.Таъкид мешавад, ки айни замон, барқтаъминкунӣ дар ҳамаи минтақаҳои осебдидаи шаҳри Кӯлоб пурра барқарор гардида, аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳо бо неруи барқ таъмин мебошанд.Ёдовар мешавем, ки шаби 1 май бар асари боришоти шадид дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб ҳодисаи нохуши табиӣ — обхезӣ ва сел ба амал омада, бархе аз кӯчаю маҳаллаҳо осеб дидаанд.Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуши табиӣ, се сокини шаҳр фавтида, се каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар муассисаҳои тиббӣ бистарӣ шудаанд.Ҳамзамон бар асари ин офати табиӣ ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, иншооти ёрирасон, роҳҳо, инфрасохтори шаҳрӣ ва дигар иншоот зарар расидааст.Раисҷумҳури кишвар ба пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдарддӣ баён кард ва супориш дод ба хонаводаҳои зарардида кӯмаки ҳамаҷониба расонида шавад.Қайд карда шудааст, ки сарвазири кишвар, ба мақомоти шаҳри Кӯлоб ва дигар ниҳодҳои давлатӣ барои дар кутоҳтарин муҳлат бартараф намудани пайомадҳои офати табиӣ ва расонидани кумакҳои фаврӣ ба мардуми зарардида супориш дод.Таъкид гардид, ки техникаву механизмҳои зарурӣ пурра сафарбар гардида, корҳои тоза намудани роҳу кӯчаҳо, барқарорсозии ҳаракати нақлиёт, таъмири инфрасохтори зарардида ва расонидани кумак ба аҳолӣ бояд дар муҳлати кӯтоҳ анҷом дода шаванд.Ҳамзамон ба масъулон супориш дода шуд, ки гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда, аҳолии осебдидаро бо маводи ғизоӣ таъмин созанд, ёрии аввалини тиббию санитарӣ расонанд, сокинони минтақаҳои хавфнокро ба ҷойҳои бехавф кӯчонида, дар мавзеъҳои осебпазир навбатдории шабонарӯзӣ ташкил намоянд.Ҳоло дар кӯчаҳо ва маҳаллаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб бо истифода аз техникаву механизмҳои махсус корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел, тозакунии минтақаҳо ва барқарор намудани шароити муътадили зиндагии сокинон идома доранд.
https://sputnik.tj/20260503/malum-shud-sel-kharobiovar-oila-kulob-zarar-rasonid-1077257887.html
https://sputnik.tj/20260503/rahmon-zarardidagon-sel-kulob-kumak--1077258338.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102097/65/1020976589_232:0:2963:2048_1920x0_80_0_0_1bb134b58f2242f6aea7c877e8614e7f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, кӯлоб, селфароӣ, офати табиӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, барқрасонӣ
дар тоҷикистон, кӯлоб, селфароӣ, офати табиӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, барқрасонӣ
Вазорат: Барқрасонӣ дар манотиқи селзадаи шаҳри Кӯлоб пурра таъмин шуд
Сел дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ба инфрасохтори энергетикӣ, аз ҷумла хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои шиддати паст низ зарар расонда буд
ДУШАНБЕ, 3 мая – Sputnik. Барқрасонӣ дар манотиқи аз офати табии зарардидаи шаҳри Кӯлоб пурра таъмин карда шуд.
Ба гузориши Вазорати энергетика ва захоири оби ҷумҳурӣ, дар натиҷаи офати табиӣ, ки шаби 1-уми май дар шаҳри Кӯлоб ба вуқӯъ пайваст, дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ба инфрасохтори энергетикӣ, аз ҷумла хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои шиддати паст низ зарар расонд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои президенти, ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, сохторҳои энергетикии минтақаи Кӯлоб фавран ба корҳои барқарорсозӣ сафарбар карда шуданд, афзуд манбаъ.
“Мутахассисону кормандони соҳа бо истифода аз тамоми имкониятҳои техникӣ ва захираҳои мавҷуда, шабонарӯзӣ фаъолият бурда, хатҳои зарардидаро таъмиру барқарор намуданд”,- афзуд манбаъ.
Таъкид мешавад, ки айни замон, барқтаъминкунӣ дар ҳамаи минтақаҳои осебдидаи шаҳри Кӯлоб пурра барқарор гардида, аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳо бо неруи барқ таъмин мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки шаби 1 май бар асари боришоти шадид дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб ҳодисаи нохуши табиӣ — обхезӣ ва сел ба амал омада, бархе аз кӯчаю маҳаллаҳо осеб дидаанд.
Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуши табиӣ, се сокини шаҳр фавтида, се каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар муассисаҳои тиббӣ бистарӣ шудаанд.
Ҳамзамон бар асари ин офати табиӣ ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, иншооти ёрирасон, роҳҳо, инфрасохтори шаҳрӣ ва дигар иншоот зарар расидааст.
Раисҷумҳури кишвар ба пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдарддӣ баён кард ва супориш дод ба хонаводаҳои зарардида кӯмаки ҳамаҷониба расонида шавад.
Қайд карда шудааст, ки сарвазири кишвар, ба мақомоти шаҳри Кӯлоб ва дигар ниҳодҳои давлатӣ барои дар кутоҳтарин муҳлат бартараф намудани пайомадҳои офати табиӣ ва расонидани кумакҳои фаврӣ ба мардуми зарардида супориш дод.
Таъкид гардид, ки техникаву механизмҳои зарурӣ пурра сафарбар гардида, корҳои тоза намудани роҳу кӯчаҳо, барқарорсозии ҳаракати нақлиёт, таъмири инфрасохтори зарардида ва расонидани кумак ба аҳолӣ бояд дар муҳлати кӯтоҳ анҷом дода шаванд.
Ҳамзамон ба масъулон супориш дода шуд, ки гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда, аҳолии осебдидаро бо маводи ғизоӣ таъмин созанд, ёрии аввалини тиббию санитарӣ расонанд, сокинони минтақаҳои хавфнокро ба ҷойҳои бехавф кӯчонида, дар мавзеъҳои осебпазир навбатдории шабонарӯзӣ ташкил намоянд.
Ҳоло дар кӯчаҳо ва маҳаллаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб бо истифода аз техникаву механизмҳои махсус корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел, тозакунии минтақаҳо ва барқарор намудани шароити муътадили зиндагии сокинон идома доранд.