Дар Тоҷикистон иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз чӣ имтиёзҳо бархурдорнад

Обуна шудан
Масъулини Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат гуфтанд, ки кӯҳансарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҷузъ аз кӯмакпулии ҷашни 9 май боз чи имтиёзҳо доранд
Шавкат Алиев, котиби масъули Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар вилояти Суғд зимни ба Sputnik Тоҷикистон аз имтиёзҳои давлатӣ ёдовар шуд, ки он ба кӯҳансарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дода мешавад.
Бино ба гуфтаи ӯ, дору табобати комилан бепул яке аз имтиёзҳо буда, ки азин хизматрасонии давлатӣ танҳо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон истифода карда метавонанд.
Ин масъули Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат имтиёзҳои мавҷуда барои кӯҳансарбозонро шарҳ дод, ки чунин будааст:
Истифодаи ройгон аз нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҳангоми сафар,
Имкони бе навбат гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ,
Озод будан аз пардохти андозҳо барои моликияти шахсӣ азҷумла андоз аз воситаҳои нақлиёт,
Кӯмакпулӣ ҳармоҳа аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо,
Таъмини ройгон бо маводи доруворӣ,
Барои табобат вобасташавӣ духтурони минтақавӣ дар ҳамаи марказҳои тиббӣ.
Айни замон нӯҳ собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Шаш нафар дар вилояти Хатлон, ду нафар дар вилояти Суғд ва як нафар дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0