https://sputnik.tj/20260502/izhori-hamdardii-rahmon-qurboniyoni-obkhezi-kulob-1077239282.html
Изҳори ҳамдардии Раҳмон ба хонаводаи қурбониёни обхезӣ дар Кӯлоб
Изҳори ҳамдардии Раҳмон ба хонаводаи қурбониёни обхезӣ дар Кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур дод, ки ба осебдидагон аз офати табиӣ ҳама гуна кумаки зарурӣ расонида шавад
2026-05-02T13:00+0500
2026-05-02T13:00+0500
2026-05-02T13:00+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
офати табиӣ
кӯлоб
сел
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/0a/1075894877_0:130:2048:1282_1920x0_80_0_0_44aa3c120650aa4a4b0e3fbd51e29da1.jpg
ДУШАНБЕ, 2 май - Sputnik. Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи қурбониёни обхезӣ дар шаҳри Кӯлоб изҳори тасаллият кард.Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои раҳбари давлатро Хадамоти матбуоти раисҷумҳур нашр кардааст.Ёдовар мешавем, ки шаби гузашта дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар, махсусан, дар шаҳри Кӯлоб боришоти зиёди борон ва омадани сел рух дод, ки дар натиҷаи он дар шаҳри Кӯлоб 3 кас ба ҳалокат расида, 3 тани дигар дар беморхона бистарӣ карда шуданд.“Президенти кишвар ба оилаҳои шахсони фавтида изҳори ҳамдардӣ карда, ба Сарвазири мамлакат, Раиси вилояти Хатлон ва Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода дастур дод, ки фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, барои расонидани кумак ба оилаҳои зарардида ва ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд”, - қайд намудааст манбаъ.Дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ додааст, ки раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба минтақаҳои селзадаи шаҳри Кӯлоб рафтааст.Мақомот мегӯянд, корҳои бартарафсозӣ идома доранд."Айни ҳол дар кучаҳо ва маҳаллаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб бо истифода аз техникаву механизмҳои зарурӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва тоза кардани минтақаҳо идома дорад", - таъкид кардааст ҳукумати шаҳри Кӯлоб.Давоми ду рӯзи ахир Тоҷикистон шоҳиди боронҳои сахт ва омадани сел аст. Рӯзи 30-юми апрел баъди боридани борони зиёд муассисаҳо, даҳҳо хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ аз обу лойқа пур шудаанд.Дар ҳамин ҳол, Маркази обуҳавошиносӣ ҳушдор додааст, ки то 4-уми май дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, боронҳои сахт ва сел пешбинӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20260501/dasturi-rahmon-past-foizi-qarzho-bonkho-ustuvori-puli-milli-1077203931.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/0a/1075894877_114:0:1935:1366_1920x0_80_0_0_8c35c4f3535425c61adf41d4b2f43eb2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, офати табиӣ, кӯлоб, сел, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, офати табиӣ, кӯлоб, сел, иҷтимоъ
Изҳори ҳамдардии Раҳмон ба хонаводаи қурбониёни обхезӣ дар Кӯлоб
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур дод, ки ба осебдидагон аз офати табиӣ ҳама гуна кумаки зарурӣ расонида шавад
ДУШАНБЕ, 2 май - Sputnik. Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи қурбониёни обхезӣ дар шаҳри Кӯлоб изҳори тасаллият кард.
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои раҳбари давлатро Хадамоти матбуоти раисҷумҳур нашр кардааст.
Ёдовар мешавем, ки шаби гузашта дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар, махсусан, дар шаҳри Кӯлоб боришоти зиёди борон ва омадани сел рух дод, ки дар натиҷаи он дар шаҳри Кӯлоб 3 кас ба ҳалокат расида, 3 тани дигар дар беморхона бистарӣ карда шуданд.
“Президенти кишвар ба оилаҳои шахсони фавтида изҳори ҳамдардӣ карда, ба Сарвазири мамлакат, Раиси вилояти Хатлон ва Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода дастур дод, ки фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, барои расонидани кумак ба оилаҳои зарардида ва ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд”, - қайд намудааст манбаъ.
Дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ додааст, ки раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба минтақаҳои селзадаи шаҳри Кӯлоб рафтааст.
Мақомот мегӯянд, корҳои бартарафсозӣ идома доранд.
"Айни ҳол дар кучаҳо ва маҳаллаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб бо истифода аз техникаву механизмҳои зарурӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва тоза кардани минтақаҳо идома дорад", - таъкид кардааст ҳукумати шаҳри Кӯлоб.
Давоми ду рӯзи ахир Тоҷикистон шоҳиди боронҳои сахт ва омадани сел аст. Рӯзи 30-юми апрел баъди боридани борони зиёд муассисаҳо, даҳҳо хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ аз обу лойқа пур шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Маркази обуҳавошиносӣ ҳушдор додааст, ки то 4-уми май дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, боронҳои сахт ва сел пешбинӣ мешавад.