Истеҳсоли арақ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

© Foto / Статистическое агентство при Президенте Республики ТаджикистанПроизводство водки в Таджикистане.
Производство водки в Таджикистане. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2026
Обуна шудан
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон коҳиши истеҳсоли арақ дар ҷумҳурӣ ба тағйирёбии талаботи бозор, танзими давлатӣ дар самти маҳдудсозии истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ рабт дорад
ДУШАНБЕ, 30 апр - Sputnik. Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон дар се моҳи соли равон дар Тоҷикистон 93 ҳазор литр арақ истеҳсол шудааст
Дар моҳҳои январ–марти соли равон дар Тоҷикистон истеҳсоли арақ ва маҳсулоти ликёру арақ ба 9,3 ҳазор декалитр ё 93 ҳазор литр баробар гардидааст.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82,4%-ро ташкил дода, коҳишёбиро дар ҳаҷми истеҳсолот инъикос менамояд.
Қайд карда шудааст, ки дар моҳҳои январ–марти соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли арақ ва маҳсулоти ликёру арақ 11,2 ҳазор декалитрро ташкил дода буд.
Ҳамин тариқ ба иттилои Агентии омор, дар давраи ҳисоботӣ коҳиш 1,9 ҳазор декалитр ё 19 ҳазор литр ба қайд гирифта шудааст.
Международная торговая ярмарка СУГД 2019 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Дараҷа аз 38 дарсад кам набошад: қоидаҳои ҷадиди тавлиди арақ дар Тоҷикистон
Ин ниҳод қайд кардааст, ки паст гардидани ҳаҷми истеҳсоли ин намуди маҳсулот метавонад ба як қатор омилҳо, аз ҷумла тағйирёбии талаботи бозор, танзими давлатӣ дар самти маҳдудсозии истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва ё бозсозии равандҳои истеҳсолӣ вобаста бошад.
Лентаи хабарҳо
0