Дар Душанбе роҳпаймоии “Ҳанги ҷовидон” баргузор мешавад?

© SputnikБессмертный полк в Душанбе
Бессмертный полк в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2026
Обуна шудан
Дар Рӯзи таҷлили Ғалаба ба фашизм дар шаҳри Душанбе "Ҳанги ҷовидон" бо иштироки садҳо нафар баргузор хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 30 апр - Sputnik. Дар худи Боғи ғалабаи шаҳри Душанбе рӯзи 9 май, ки Рӯзи Ғалаба бар фашизм аст, “Ҳанги ҷовидон” баргузор мешавад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон Шавкат Мирзоев, раиси Иттифоқи собиқадорони интернатсионалист иттилоъ дод.
“Рӯзи 9 май ин чорабинӣ қарор аст, ки дар худи Боғи Ғалаба доир шавад. Ин барои мо қарз аст. Ҳифзи хотираи таърихии қаҳрамониҳои гузаштагони мо мебошад”, - иброз дошт Шавкат Мирзоев.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта новобаста аз надоштани иҷозат барои баргузории роҳпаймоии “Ҳанги ҷовидон” садҳо сокинони пойтах бо аксҳои хевондон ва наздикони худ роҳпаймоӣ дар ҳудуди Боғи Ғалаба анҷом доданд.
Бессмертный полк в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2025
"Ҳанги ҷовидон" дар Душанбе бо ҳузури садҳо нафар
"Ҳанги ҷовидон" иқдомест, ки дар Русия ва хориҷи кишвар ба хотири абадӣ гардонидани хотираи иштирокчиён ва қурбониёни Ҷанги бузурги ватанӣ баргузор мешавад. Он нахуст 9 майи соли 2012 дар Томск бо ибтикори хабарнигорони маҳаллӣ баргузор шуда, соли 2013 дар саросари кишвар ва баъдан дар хориҷ низ ба ҳукми анъана даромад.
Маъмулан ба "Ҳанги ҷовидон" на танҳо ҷавонон, балки пиронсолону кӯдакон низ ҳамроҳ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки чанд сол аст баргузории роҳпаймоӣ аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон иҷозат дода намешавад. Вале новобаста аз ин мамнуият садҳо нафар аз сокинони Тоҷикистон худсарона бо аксҳои наздиконашон ба роҳпаймоӣ мебароянд.
Лентаи хабарҳо
0