"Ҳанги ҷовидон" дар Душанбе бо ҳузури садҳо нафар

© SputnikБессмертный полк в Душанбе
Бессмертный полк в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2025
Обуна шудан
Сокинону меҳмонони пойтахт ба ифтихори таҷлили 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе раҳпаймоӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар Душанбе раҳпаймоии ёдбуди “Ҳанги ҷовидон” баргузор шуд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
“Ҳанги ҷовидон” аз майдони 800-солагии Маскав оғоз шуда, нуқтаи анҷоми он тибқи анъана оташи абадӣ дар Боғи Ғалаба буд.
1/2
Бессмертный полк в Душанбе
Барои гиромидошти ҷонбохтангон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, садҳо сокини Душанбе ба кӯчаҳо рехтанд. Миёни онҳо ҷавонону куҳансарбозон низ ҳузур доштанд.
Пас аз он, ки иштироккунандагони ин раҳпаймоӣ ба Боғи Ғалаба расиданд, онҳо атрофи Оташи абадӣ саф кашиданд.
Гуфта мешавад, ки ин иқдом дар ибтидо ба хотири амният тарҳрезӣ нашуда буд.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2024 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст.
Парад в честь 80-летия Победы в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2025
Гузашти низомӣ бахшида ба 80-умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе - акс
Хотиррасон бояд намуд, ки танҳо аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба ҷанг рафта, аз ин шумора зиёда аз 100 ҳазор кас дар муҳорибаҳо ҳалок шудаанд. 64 нафар аз фарзандони шуҷои тоҷик барои корнамоиҳои беназир ва ҷоннисорӣ сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0