https://sputnik.tj/20260429/khatmkunanda-rusiya-muovini-raisi-khujand-tayin-1077171513.html
Хатмкунандаи донишгоҳи Маскав муовини раиси шаҳри Хуҷанд таъйин шуд
Хатмкунандаи донишгоҳи Маскав муовини раиси шаҳри Хуҷанд таъйин шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маросими муаррифии муовини нави Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид
2026-04-29T18:07+0500
2026-04-29T18:07+0500
2026-04-29T18:07+0500
дар тоҷикистон
суғд
сиёсат
таъйиноти кадрӣ
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/1d/1077171117_38:142:2003:1247_1920x0_80_0_0_1dc4e4deb84c41f3f880b3341d81d15e.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Бо розигии раисҷумҳури Тоҷикистон ва пешниҳоди раиси вилояти Суғд Азамат Азимӣ ба вазифаи муовини Раиси шаҳри Хуҷанд - сарпарасти соҳаҳои рушди иқтисодиёт, саноат ва энергетика таъийн гардидааст.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, Азамат Азимӣ, ки соли 1990 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст, аллакай дар як ҷаласаи вижа ба кормандони ҳукумати шаҳри Хуҷанд муаррифӣ шуд.Қайд карда шудааст, ки номбурда соли 2012 Донишгоҳи давлатии сервиси Маскави Русияро бо ихтисос молия ва қарз хатм намудааст. Вай номзади илмҳои иқтисод мебошад.Қайд карда шудааст, ки оқои Азимӣ қаблан дар Кумитаи марказии Ташкилоти Ҷамъиятии Мададгори Мудофиаи Тоҷикистон, шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва ҳамчунин Донишкадаи иктисод ва савдои ДДТТ кор кардааст.Азамат Азимӣ то таъин шудан дар вазифаи муовини Раиси дар Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолият мекард.Ҳамчунин дар ин ҷаласа Эҳсон Саидов, ки бо пешниҳоди мақомоти шаҳри Хуҷанд ва розигии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, тибқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 27-уми апрели соли равон ба вазифаи сардухтури беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 таъин гардида буд, муаррифӣ гардид.
https://sputnik.tj/20250704/tayinoti-kadri-maorif-gulsara-mirzozoda-sardor-rayosat-sughd-1068618389.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/1d/1077171117_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_123a428fc507c7cd265c771bc1b23497.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, суғд, сиёсат , таъйиноти кадрӣ, хуҷанд
дар тоҷикистон, суғд, сиёсат , таъйиноти кадрӣ, хуҷанд
Хатмкунандаи донишгоҳи Маскав муовини раиси шаҳри Хуҷанд таъйин шуд
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маросими муаррифии муовини нави Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Бо розигии раисҷумҳури Тоҷикистон ва пешниҳоди раиси вилояти Суғд Азамат Азимӣ ба вазифаи муовини Раиси шаҳри Хуҷанд - сарпарасти соҳаҳои рушди иқтисодиёт, саноат ва энергетика таъийн гардидааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Азамат Азимӣ, ки соли 1990 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст, аллакай дар як ҷаласаи вижа ба кормандони ҳукумати шаҳри Хуҷанд муаррифӣ шуд.
Қайд карда шудааст, ки номбурда соли 2012 Донишгоҳи давлатии сервиси Маскави Русияро бо ихтисос молия ва қарз хатм намудааст. Вай номзади илмҳои иқтисод мебошад.
Қайд карда шудааст, ки оқои Азимӣ қаблан дар Кумитаи марказии Ташкилоти Ҷамъиятии Мададгори Мудофиаи Тоҷикистон, шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва ҳамчунин Донишкадаи иктисод ва савдои ДДТТ кор кардааст.
Азамат Азимӣ то таъин шудан дар вазифаи муовини Раиси дар Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолият мекард.
Ҳамчунин дар ин ҷаласа Эҳсон Саидов, ки бо пешниҳоди мақомоти шаҳри Хуҷанд ва розигии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, тибқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 27-уми апрели соли равон ба вазифаи сардухтури беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 таъин гардида буд, муаррифӣ гардид.