Таъйиноти кадрӣ дар соҳаи маориф: Гулсара Мирзозода сардори Раёсати Суғд шуд

© Foto / Пресс-служба управления образования Согдийской областиГульсара Мирзозода
Гульсара Мирзозода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2025
Обуна шудан
Ба мансаби сардори идораи маорифи Суғд, ки се моҳ ба ин тараф холӣ буд, кадри нав таъйин гардид
ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Бо фармони вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Гулсара Мирзозода (Тошматова) сардори Раёсати маориф дар вилояти Суғд таъйин шудааст.
Дар ин бора Сайфулло Раҳматов, мушовири идораи маорифи Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Бино ба иттилоъи манбаъ, маросими муаррифии Мирзозода дар толори идораи маорифи Суғд сурат гирифтааст.
"Маросими муаррифии сардори нави Раёсат бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷуразода, директорони макотиб ва коллективи омӯзгорону масъулони соҳа доир гардид", – гуфт Раҳматов.
Гулсара Мирзозода дастпарвари Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст. Ӯ дорои ду диплом аз рӯи ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва педагогӣ аст.
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2023
Тағйироти кадрӣ дар соҳаи маориф дар Суғд
То ин замон ӯ, мудири шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти то мактабӣ дар Идораи маорифи Суғдро бар зима дошт. Аз соли 2027 ба ин тараф дар ин ниҳод кору фаъолият кардааст.
Мирзозода дар ин мақоми нав ҷойи Мадина Набизодаро иваз намуд, ки ӯ моҳи марти соли ҷорӣ муовини аввали раиси Кумитаи кор ба занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.
Лентаи хабарҳо
0