Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои ИИАО 1,3% афзудааст

© Sputnik / Николай Хижняк / Гузариш ба медиабонкПтицефабрика
Птицефабрика  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2026
Обуна шудан
Рушд чашмгир қариб дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳод мушоҳида шуд. Афзоиши бештар дар Қазоқистон мушоҳида шудааст
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Дар моҳҳои январ-феврали соли 2026 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ИИАО нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 1,3% афзоиш ёфтааст.
Ин маълумот аз ҷониби Комиссияи иқтисодии АвруОсиё пешниҳод шудааст.
Рушд қариб дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳод мушоҳида шуд:
дар Қазоқистон — 3,4%;
дар Беларус — 2,8%;
дар Қирғизистон — 2,6%;
дар Русия — 0,7%.
Маълумот барои Арманистон пешниҳод нашудааст.
Дар айни замон истеҳсоли шир 1% ва истеҳсоли тухм 2,4% афзоиш ёфтааст, хабар дод хадамоти матбуоти созмон.
Дар маҷмӯъ, дар тӯли 11 соли мавҷудияти ИАО, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 130,8% афзоиш ёфтааст, гуфт Гоар Барсегян, вазири саноат ва комплекси агросаноатии Комиссияи иқтисодии Авруосиё, дар ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ.
Ба гузориши созмон соли 2025 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нисбат ба соли гузашта 4,9% афзоиш ёфтааст.
Чанде пеш Комиссияи иқтисодии АвруОсиё гуфт, ИИАО маблағгузории соҳаи кишоварзиро афзоиш хоҳад дод. Ба таъкиди манбаъ, созмон аз бисёре маҳсулоти кишоварзӣ худкифо аст ва дар содироти он низ фаъол мебошад.
Российская агропромышленная выставка Золотая Осень - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2026
Дар ИИАО барои болоравии мавсимии нархҳо чораҳо андешиданд
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
Лентаи хабарҳо
0