Раҳмон соҳибкорро ӯҳдадор кард, ки 300 км роҳи сарҳадиро бо панҷараҳо таъмин кунад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЗавод по производству питьевой воды Global Invest в городе Нурек.
Завод по производству питьевой воды Global Invest в городе Нурек. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари кории худ ба вилояти Хатлон дар шаҳри Норак корхонаҳои муҳимро, ки ба нерӯгоҳи Роғун ва сарҳад маҳсулот омода мекунанд, ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корхонаи саноатии истеҳсоли обҳои нӯшокии “Глобал Инвест”-ро мавриди истифодабарӣ қарор дод.
Иншооти навбунёд дар минтақаи саноатии шаҳри Норак, ҷойгир буда, дар он намудҳои гуногуни оби нушокӣ истеҳсол карда мешавад.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур дар як шабонарӯз 15 ҳазор капсула ва 5 ҳазор зарфи оби нӯшокиро ташкил медиҳад.
Қайд карда шудааст, ки дар шаҳри Норак дар доираи татбиқи стратегияи саноатикунонии босуръати кишвар шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 31 адад расонида шуда, маҷмуи маҳсулоти соҳа дар панҷ соли охир ба зиёда аз 2 миллиарду 427 миллион сомонӣ баробар гардидааст.
Дар корхонаҳои саноатии шаҳр 46 номгӯйи маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда мешавад.
Эмомали Рахмон провел совещание, посвященное кадровым назначениям. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2026
Раҳмон дар сохторҳои қудратӣ аз ҷумла КДАМ ва Вазорати дифоъ тағйироти кадрӣ анҷом дод
Президенти Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи корхонаи “Глобал Инвест” дар ҳамин ҷо аз намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ дидан намуданд.
Қайд карда шудааст, ки дар ин корхона ҳамчунин истеҳсоли микросемемент, ки маҳсулоти нодир ба шумор рафта, дар дохил ва хориҷи кишвар харидори зиёд дорад ба роҳ монда шудааст. Ин намуди семент дар сохтмони неругоҳи Роғун низ васеъ истифода мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба соҳибкори ватанӣ Хуҷамурод Азимӣ барои иқдомҳои созандаву ибратбахш изҳори сипос намуданд.
Сипас раисҷумҳури кишвар ба фаъолияти корхонаи Тоҷик глобал инвест ба фаъолияти хатҳои истеҳсоли панҷараҳои оҳанин оғоз бахшиданд.
Коргоҳи истеҳсоли панҷараҳои оҳанин дар заминаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Заводи таҷрибавӣ–механикии шаҳри Норак бунёд ёфт.
Қайд карда шудааст, ки маҳсулоти корхона аслан барои мустаҳкамгардонии хатти сарҳад пешбинӣ шудаааст.
Тибқи нишондоди лоиҳавӣ корхона метавонад дар як шабонарӯз 1500 ва дар як сол зиёда аз 180 ҳазор дона панҷараи оҳанӣ истеҳсол намояд. Ин ҳаҷм имкон медиҳад, ки маҳсулот баробари таъмини талаботи дохил, ҳамчунин ба хориҷи кишвар содир карда шавад.
Эмомали Рахмон ввел в эксплуатацию энергоблок № 7 Нурекской ГЭС. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2026
Дар НБО “Норак” истеҳсоли барқ зиёд мешавад: Раҳмон чархаи навсозишударо ба истифода дод
Зимни суҳбат бо роҳбари кишвар раиси корхона Хуҷамурод Азимов уҳдадор шуд, ки 300 км масофаи сарҳади давлатиро бо чунин панҷараҳо таъмин намояд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин корхона бо насби ҳисоби панелҳои офтобӣ 1,5 МВт неруи барқ истеҳсол мегардад ва насби онҳо барои 1,5 МВт дигар идома дорад. Бо ин иқтидорҳо корхона талаботи худро бо неруи барқ пурра таъмин менамояд.
Ҳамчунин эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба фаъолияти Маҷмааи гармхонаҳои ширкати "Гулнур" оғоз бахшиданд.
Маҷмааи гармхонаҳо дар масоҳати 10 гектар замини бекорхобида ташкил карда шуда, 6 гектари он барои бунёди гармхонаҳои муосир пешбинӣ гардидааст. То имрӯз 3 гектар пурра обод шуда, мавриди истифода қарор гирифтааст, ки дар 1 гектари он гули садбарг ва дар 2 гектар гулҳои гуногуни мавсимӣ бо истифода аз усулҳои муосири агротехникӣ парвариш меёбанд.
Дар маҷмааи гармхонаҳо парвариши зиёда аз 1 миллиону 800 ҳазор гули садбарги навъҳои гуногун бо усули муосир ба роҳ монда шуда, ҳамзамон зиёда аз 3 миллион гулҳои мавсимӣ парвариш меёбанд.
Лентаи хабарҳо
0