Раҳмон ба Остона рафт

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок Ҳамоиши минтақавии экологӣ ба пойтахти Қазоқистон сафар намуд
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар длодааст.
Ба иттилои Хадамоти матбуот, раисҷумҳури кишвар ба пойтахти Қазоқистон барои иштирок дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал сафар кардааст.
Қайд карда шудааст, ки дар ин сафар Президенти кишварро муовини Сарвазири Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣдоранд.
Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2023
Раёсат дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар се соли оянда ба Қазоқистон мегузарад
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2025 дар Остона ҷаласаи Раёсати Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор шуд, ки дар он муовинони сарвазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок карданд.
Дар он ҷаласа беш аз 40 лоиҳаи экологӣ барои ҳавзаи баҳри Арал баррасӣ шуданд.
Бояд қайд кард, ки дар соли 2025 раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал (барои солҳои 2024–2026) Ҷумҳурии Қазоқистон бар уҳда гирифтааст.
Қаблан, Тоҷикистон раёсати Фондро бар уҳда дошт ва ҷаласаи охирини сарони давлатҳо дар давраи раёсати Тоҷикистон 15 сентябри соли 2023 дар Душанбе баргузор шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0