https://sputnik.tj/20230915/rayosat-fondi-najoti-aral-qazoqiston-1059416714.html
Раёсат дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар се соли оянда ба Қазоқистон мегузарад
Раёсат дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар се соли оянда ба Қазоқистон мегузарад
Sputnik Тоҷикистон
Аз аввали соли оянда Ҷумҳурии Қазоқистон барои се соли оянда Раёсат дар Фонди байналмилалии наҷоти Аралро бар уҳда мегирад
2023-09-15T20:31+0500
2023-09-15T20:31+0500
2023-09-15T20:31+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
наҷот
бунёди байналмилалии наҷоти дарёи арал
баҳри арал
раёсат
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/0f/1059416502_0:69:3072:1797_1920x0_80_0_0_8f2c1d45b16a5ae315265b56d722de50.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен - Sputnik. Аз моҳи январи соли 2024 ба муддати се сол Раёсат дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал аз Тоҷикистон ба Қазоқистон мегузарад.Дар ин хусус раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал Султон Раҳимзода дар брифинге, ки дар Душанбе доир шуд, хабар дод.Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, таҳти Раёсати президенти Тоҷикистон бо иштироки Сарони давлатҳои муассиси фонд баргузор гардид.Дар ин ҷаласа маҷмуи масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти Фонд, хусусан натиҷаҳои раисии Тоҷикистон, такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи созишномавӣ ва ҳуқуқии фонди наҷоти Арал баррасӣ гардида, самтҳои ояндадори фаъолияти муштарак зимни андешидани тадбир дар ин бахшҳо муайян шуданд.Фонди байналмилалии наҷоти Арал соли 1993 бо ташаббуси давлатҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади бартарафсозии буҳрони экологӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳавзаи баҳри Арал таъсис дода шудааст.
https://sputnik.tj/20230915/mirziyoev-najoti-osiyoi-miyona-khushksoli-1059412610.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/0f/1059416502_273:0:3004:2048_1920x0_80_0_0_fc7a865a8e75a123802c510c0e0976d2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қазоқистон, фонди наҷоти арал, раёсат, уҳда
тоҷикистон, қазоқистон, фонди наҷоти арал, раёсат, уҳда
Раёсат дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар се соли оянда ба Қазоқистон мегузарад
Аз оғози соли оянда Ҷумҳурии Қазоқистон барои се соли оянда Раёсат дар Фонди байналмилалии наҷоти Аралро бар уҳда мегирад
ДУШАНБЕ, 15 сен - Sputnik. Аз моҳи январи соли 2024 ба муддати се сол Раёсат дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал аз Тоҷикистон ба Қазоқистон мегузарад.
Дар ин хусус раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал Султон Раҳимзода дар брифинге, ки дар Душанбе доир шуд, хабар дод.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, таҳти Раёсати президенти Тоҷикистон бо иштироки Сарони давлатҳои муассиси фонд баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа маҷмуи масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти Фонд, хусусан натиҷаҳои раисии Тоҷикистон, такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи созишномавӣ ва ҳуқуқии фонди наҷоти Арал баррасӣ гардида, самтҳои ояндадори фаъолияти муштарак зимни андешидани тадбир дар ин бахшҳо муайян шуданд.
Фонди байналмилалии наҷоти Арал соли 1993 бо ташаббуси давлатҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади бартарафсозии буҳрони экологӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳавзаи баҳри Арал таъсис дода шудааст.